Ашрафғанӣ ва хонаводааш дар Иморот
Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии фирории Афғонистон дар Иморот ба сар мебарад.
Шабакаи телевизионии “Алҷазира” имрӯз, чаҳоршанбе ба нақл аз расонаҳои Афғонистон эълом кард, Муҳаммад Ашрафғанӣ пас аз тарки Кобул (пойтахти Афғонистон) ба ҳамроҳи хонаводааш дар Абузабӣ, пойтахти Иморот иқомат кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки пештар манобеи хабарии мухталиф эълом карда буданд, Ашрафғанӣ ба Тоҷикистон, Узбакистон ва Уммон рафтааст.
Бархе манобеи хабарӣ ҳам эҳтимол медиҳанд, ки Ашрафғанӣ ба Амрико биравад.
Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон рӯзи якшанбе (15 август) ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои Толибон ба Кобул, ин кишварро тарк кард.
Ҳамакнун гурӯҳи Толибон бар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон мусаллат аст.
Бештар бихонед: