Август 22, 2021 14:36 Asia/Dushanbe
  • Сарир, сират ва сироти Толибон - 1

Таҳлили ҷомеъе аз Толибон ва авзои Афғонистон ба қалами доктор Саъдуллоҳи Зореъӣ навишта шудааст, ки дар ду қисмат ироа мешавад.

Гурӯҳҳои зиддиамрикоӣ дар Афғонистон дар як тарози набуданд.  Толибон муҳимтарин ҷараёне буд, ки ба далели ангезаҳои динӣ ва эътиқоди ҷиддӣ ба мубориза бо Амрико ва низ бархӯрдорӣ аз шабакаи густардае аз ҳаводорон метавонист ба роҳбурди ихроҷи Амрико аз минтақа кумак кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Саъдуллоҳ Зореъӣ тайи ёддоште навишт: Дар тирмоҳи 1400 (июну июли 2021), баҳси Афғонистон ва таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятии он дар конӯни мабоҳиси минтақаӣ қарор гирифт. Афғонистон ба далели мавқеъияти ҷуғрофиёии худ, аз ҷумла ҳамсоягӣ бо чаҳор қудрати Чин, Русия, Ҳинд, Эрон ва таъсири он бар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии онон, кишвари муҳимме ба ҳисоб меояд. Якҷанбаи дигари аҳамияти ин таҳаввулот шикасти 20 соли ҷанги Амрико ва ихроҷи низомиёни он аз Афғонистон аст, ки дар навъи худ рухдоди камсобиқае маҳсӯб мешавад.

1. Мавқеъияти инсонӣ ва иқтисодӣ

Афғонистон 652860 километр/мураббаъ масоҳат дорад ва бо Покистон (2430 километр), Тоҷикистон (1206 километр), Эрон (936) , Туркманистон (746) , Узбекистон (137 ) ва Чин (76 километр) марз дорад. Ин кишвар маодини зерзаминии фаровоне дорад,ки аз арзиши ин маодин се ҳазор миллиарддолар баровард шудааст. Афғонистон аз назари гунаи гиёҳӣ, ки илова бар арзиши ғизоӣ ва доруӣ, арзиши туристӣ ҳам дорад, бо доро будани ҳаддиақал 5000 гӯнаи гиёҳӣ, аз ин ҷиҳати яке аз ғанитарин кишварҳост. Гуфтанист Олмон, ки дар заминаи гӯнаҳои гиёҳӣ яке аз кишварҳои ғанӣ ба ҳисоб меояд ва албатта аз назари вусъат (бо доро будани 357386 километри мураббаъ) каме беш аз ниме аз Афғонистон аст, ҳудӯди 4000 гӯна гиёҳӣ дорад ва дар мартабаи баъд аз Афғонистон қарор мегирад.

Афғонистон аз назари манобеи обӣ ҳам кишвари пуробе аст. Руд Ому, Ҳарирруд, Арғандоб, Ҳирманд, руди кобул ва Омударё илова бар Афғонистон кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон ва Эронро ҳам пӯшиш медиҳанд ва лизо Афғонистон аз қудрати стратегӣ низ бархӯрдор аст.

Ҷамъияти Афғонистон ҳудӯди 40 миллионнафар баровард шуда, ки 2/64 дарсади он байни як то 24 сол син доранд. Ин дар ҳоле аст, ки син фақат 5 дарсади ҷамъияти ин кишвар 55 сол ба баъд аст. Нархи рушди ҷамъияти ин кишвар 3/2 дарсад ва дар радифи даҳуми дунёст.

Бинобар ин метавон гуфт, ки Афғонистон кишвари ҷавоне аст ва ҷамъияти ҷавони он дар даҳаҳои оянда афзоиш низ хоҳад дошт. 77дарсади ҷамъияти Афғонистон аввалан ба забони форсӣ такаллум мекунанд ва 23 дарсад ҳам забони аввалашон паштунӣ, узбекӣ, туркманӣ, балӯчӣ, нурстонӣ, пашае ва забони расмии ин кишвар, форсии дарӣ аст. Паштунҳо ҳудӯди 40 дарсад, тоҷикҳо ҳудӯди 32 дарсад, ҳазораҳо ҳудӯди 12 дарсад, узбекҳо ҳудӯди 9 дарсад, аймоқҳо ҳудӯди 4 дарсад, туркманҳо ҳудӯди 3 дарсад, балучҳо ҳудӯди 2 дарсад аз ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд ва дарсади бисёр андаке ҳам ақвоми дигар ҳастанд. Албатта ҳаддиақал аз 60 соли пеш ба ин тараф, ҳеҷ саршумори расмие дар ин кишвар сӯрат нагирифтааст. Лизо ончӣ аз бофту тақсимоти ҷамъиятии ин кишвар зикр шуд, муттакӣ ба натоиҷи пажӯҳишҳое аст, ки созмонҳои мухталифи таҳқиқотии дунё дар ин хусӯс ироа кардаанд ва мо дар инҷо миёнгини аъдодеро, ки зикр кардаанд, овардаем.

Афғонистон як кишвари умдатан рӯстоӣ аст. Бар асоси оморе, ки дар соли 1390 аз сӯи Созмони милал мунташир шуд, 5/76 дарсади ҷамъияти ин кишвар дар рӯстоҳо зиндагӣ мекунанд.

Паштунҳои ин кишвар умдатан дар манотиқи ҷанубӣ, дар марзи Покистону манотиқи ғарбӣ, дар марзи Эрон ва тоҷикҳо, ҳазораҳо ва узбекҳо ва шиаён умдатан дар манотиқи марказӣ, шарқӣ ва шимолӣ, дар марзи Покистон, Ҳинд, Чин, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон истиқрор доранд. Лизо Афғонистон байни ақвоми мухталиф тақсим шуда ва ғайрипаштӯнҳо бар ҳудӯди 60 дарсади хок ва ҳудӯди 60 дарсади ҷамъияти ин кишвар иҳота доранд. Паштӯнҳо бар ҳудӯди 1650 километри марзи Афғонистон бо Покистону Эрон ва ғайрипаштӯнҳо бар ҳудӯди 2887 километри марзи Афғонистон бо Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Чин иҳота доранд.

2 . Ҳукумат ва сиёсат

Афғонистон дар тӯли 300 соли ахир дастхуши тағйирот ва дигаргуниҳои зиёде будааст. Ҳукумати ин кишвар дар фосилаи солҳои 1126 то 1205 шамсӣ (1747 то 1826 милодӣ) ба муддати 79 сол дар дасти дронӣ ҳо бӯда ва дар фосилаи солҳои 1205 то 1352шамсӣ (аз соли 1826 то 1973 милодӣ) ба муддати 147 сол боракзониҳо идораи ин кишварро дар даст доштаанд. Афғонистон дар ин ду давра ба сурати подшоҳӣ идора шудааст. Пас аз ин давра то имрӯз, дуррониҳо ва боракзониҳо ин кишвар ба ишғоли Англия даромад.

Пас аз давраи подшоҳӣ, ба муддати панҷсол низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон мустақар шуд. Бо кудатои кумунистҳои таҳти ҳимояти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ дар соли 1357 (1978) номи ин кишвар ба « Ҷумҳурии демократии Афғонистон» тағйир дода шуд.

Бо пирӯзии муҷоҳидини исломӣ бар қувои Шуравӣ ва ихроҷи онҳо ва ғалаба бар давлати дастнишондаи Маскав, аз соли 1371 то 1375 ( 1992 то 1996 ) «давлати исломӣ» бо раёсатиҷумҳурии устод Сибғатуллоҳ муҷаддадӣ ва устоди Бурҳониддн Раббонӣ шакл гирифт. Пас аз панҷ сол ин ҳукӯмат соқит шуд ва Толибон ба муддати панҷ сол «Аморати исломӣ»-ро ҷойгузин он кард. Бо суқӯти Толибон ва ишғоли низомии Афғонистон ба василаи қувои ғарбӣ ба фармондеҳии Амрико, «давлати муваққат» ба раёсати Ҳомид Карзай шакл гирифт ва то 1382 бо қонӯне муваққат идора шуд.

Ин кишвар дар 4 январи 2004 бо қонӯни асосии ҷадид ба «Ҷумҳурии исломии Афғонистон» табдил шуд ва 18 сол давом оварад. Ҳаминак як бори дигар ин кишвар дар остонаи ташкили « Аморати исломии Афғонистон» қарор дорад ва бинност ҳаштумин таҳаввули бунёдии ҳукуматиро тайи камтар аз 300 сол таҷриба кунад. Дар айни ҳол нигоҳе ба 274 соли таърихи ахири ин кишвар, яъне даврони пас аз истиқлол аз Эрон ба мо мегӯяд, Афғонистон дар тӯли ин даврон даргири ҷангҳои хориҷӣ ва дохилӣ будааст.

Ин кишвар се бор ба ишғоли низомии се абарқудрат Англия дар қарни 19 , Шуравӣ дар қарни 20 ва Амрико дар қарни 21 даромад ва албатта дар ҳар се навбат, «қаҳрамонона» аз он хориҷ шуд. Дар тӯли ин даврон, бавижа аз соли (1978) 1357, ки кудатои коммунистӣ мавсӯм ба «Инқилоби савр» ба вуқуъ пайваст, Афғонистон ҳамзамон бо ҷанги хориҷӣ ва даргириҳои мудовими дохилӣ мувоҷеҳ будааст. 30 сол аз ин даврони 43 сола, Афғонистон дар ишғоли низомии Шуравӣ ва сипас Амрико будааст ва дар ҳамин даврон ҷанги дохилӣ байни ақвом ҳам ҷараён дошта, ки ба далели таҳрик ишғолгарон будааст. Афғонистониҳо пас аз поёни ишғоли ин кишвар тавассути Шуравӣ ба самти даргирӣ байни афроду гурӯҳҳое пеш рафт, ки ихроҷи Артиши Сурх аз ин кишвар, маҳсули ҳамкории онон бо якдигар буд.

Албатта даврони даҳсолаи ишғоли низомии Афғонистон тавассути Шуравӣ, қудратҳои дигари байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳам дар даргириҳои дохилии ин кишвар ифои нақш карданд, ки бояд ба Амрико, Англия, Арабистон, Имороту Покистон ишора кард. Онон дар ин даврон ба номи кумак ба озодсозии Афғонистон аз сайтараи Артиши Сурх ва «камунизми байналмилал», баъзе аз гурӯҳҳои афғониро, ки аҳзоби ҳафтгона хонда мешуданд, алайҳи баъзе аз онон ки ба аҳзоби ҳаштгонаи шимол мавсум буданд, таҳрик ва таслеҳ ва таъмини молӣ мекарданд. Сиёсати онон ин буд, ки пас аз онки қувои Шуравӣ Афғонистонро тарк кард, ҷиҳодгарони афғонӣ, ки ҳар ду сибға динӣ доштанд, ба қудрат нарасанд ва бинои як давлати исломгаро, ки ба таври табиӣ бо давлати исломгарои Эрон қаробат пайдо мекард, гузошта нашавад. Вақте Толибон дар Афғонистон ба қудрат расид, Арабистону Покистон барои табдили паштӯнҳои толиб ба гуруҳи фирқагаро ва ваҳдатситез ва рўёрўи қарор додан он бо Ҷумҳурии исломӣ, ҳамаи тавони худро ба кор гирифтанд, ки албатта муваффақ нашуданд.

3 . Ҳувияти Толибон

Аваллин  бор дар авохири соли 1372 замзамаи ташкили гуруҳе муташаккил аз талабаҳои динии мадориси Покистон, ки гуфта мешуд, таҳти ҳимояти молии Арабистони Саудӣ қарор доранд, ба гӯш расид. Пас аз чанде ва дар авоили соли 1372 (1993) гуруҳе таҳти номи «Таҳрики исломии тулабо», бо шиори иҷрои шариъати исломӣ мавҷӯдияти худро эълом кард. Дар соли 1994  ва дар замони даргирӣ миёни муҷоҳидини афғонӣ, нерӯҳои Толибон ба шаҳри марзии Испенбулдак ҳамла ва онро тасарруф карданд. Пас аз он ба тартиб ба вилояти Қандаҳору вилояти Фароҳ ҳамла карданд. Дар нимаи дувуми шаҳривари ин сол (сентябри 1994) шаҳри Ҳирот низ ба тасарруфи онон даромад. Сипас шаҳри Ҷалолободу билохира Кобул ба тасарруфи Толибон даромаду ҷанг дар иёлатҳои дигар истимрор ёфт. 26 майи 1997 Мазори Шариф ба тасарруфи Толибон даромад; се рӯзи баъд бо «қиёми умумии мардум» аз он ақабнишинӣ кард, аммо Толибон дар ҳудӯди 14 моҳи баъд бо талафоти бисёр дубора бар Мазори Шариф тасаллут ёфт.

Се рӯз пас аз ин, Толибон бар вилояти Тахор сайтара пайдо кард ва як моҳ пас аз он бар вилояти Бомиён низ тасаллут ёфт. Толибон дар 26 октябри 1997 расмани номи «Аморати исломии Афғонистон»-ро ҷойгузини давлати исломӣ Афғонистон кард. Бинобар ин агарчӣ истиқрори ҳукӯмати Толибон аз октябр шурӯ шуд, аммо ин ба маъно тасаллути комили ҳукумати Толибон бар ҳамаи вилоёту вулусволиҳои ин кишвар набуд. Кома инки Толибон дар таърихи 27 июли 1999 ҳамлаи васеъи худро барои тасарруфи вилоёти шимоли Кобул оғоз кард. Ин ба маънои он аст, ки Толибон панҷ сол даргири истиқрори ҳукумати матлӯби худ буд. Ҳукӯмати матлӯбе, ки 12 ноябри 2001 бо суқӯти охирин пойгоҳҳои низомии он дар атрофи шаҳри Кобул ба поён расид.

Толибон дар ин давра, як бор пас аз онкӣ бо муқовимати шадиди мардум дар вилоёти шимолӣ мувоҷеҳ шуд, дар таърихи 29 апрели 1998 ба музокира бо уламои ҷабҳаи муттаҳиди шимол дар Исломобод тан дод. Аз он тараф дар давраи ташкили Аморати Толибон, ин ҳукумат аз сӯи Созмони милалу аксарияти қотеъи кишварҳои ҷаҳон ва аз ҷумла ағлаби ҳамсоягони ин кишвар ба расмият шинохта нашуд. Созмони милал дар таърихи 25 октябри 1999, як соли дигар эътибори ҳукумати Бурҳониддн Раббониро, ки беш аз даҳ дарсади Афғонистонро дар ихтиёр надошт тамдид кард. Порлумони Аврупо низ ҳафт моҳ пеш аз суқӯти Толибон,  Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифои давлати Раббониро ба Брюссел, пойтахти Иттиҳоди Аврупо даъват ва аз вай истиқбол кард. Дар ин давра ҳарҷу мараҷи иттифоқоти муҳимме рӯй доданд. 26 сентябри 1996 доктор Наҷибуллоҳ охирин раисиҷумҳури давраи морксистҳо, ки ба дафтари Созмони милал дар Кобул паноҳанда шуда буд, ба ҳамроҳи бародараш аз ин дафтар берун кашда шуд ва ба қатл расид ва баданашон дар майдони Кобул ба дор овехта шуданд.

Дар таърихи 17 мурдоди 1377 ( 8 августи 1998) , 9 дипломат ва як хабарнигори эронӣ дар ҳамлаи муҳоҷимон ба консулгарии Эрон дар Мазори Шариф ба шаҳодати расиданд. Манобеи хориҷӣ гурӯҳи Толибонро омили ин ҳамла муаррифӣ карданд, ки албатта бо такзиби мукаррари раҳбарони ин гурӯҳ мувоҷеҳ шуд. Баъзе аз манобеи амниятӣ муътақиданд ҳамла ба консулгарии Эрону шаҳодати 10 нафар аз маъмурини эронӣ тавассути сервиси иттилоотии Покистон ва бо ҳадафи мамониат аз шаклгирии равобит байни ҳукумати ҷадиди Афғонистону Эрон ва низ кашондани пойи Эрон ба даргирӣ сурат гирифт ва иртиботе ба ҳукумати Толибон надошт. Дар вокуниш ба таҳаввулоти Афғонистону иттифоқоте, ки барои дипломатҳои эронӣ афтод, артиши Эрон 1 сентябри 1998 дастандаркори баргузории як размоиши низомӣ шуд, ки манобеи низомӣ онро аломати вурӯди Эрон ба ҷанг алайҳи Толибон арзёбӣ карданд. Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар он замон ба баргузории размоиш дар марзҳои шимоли шарқи кишвар интиқоду вурӯди Эрон ба даргириро рад карданд.

Толибон дар таърихи 17 марти 2000 бузургдошти иди Наврӯзро, ки яке аз вуҷӯҳи муштараки фарҳангии Эрон, Афғонистон ва чанд кишвари дигар аст, мамнӯъ кард ва аз баргузории ҷашн парҳез дод ва онро ғайримашрӯъ хонд. Як муфтии Толибон 27 феврали 2001 фатвои нобудии тамоми муҷассамаҳоро ба унвони осори ширк ва мушрикин содир кард ва 13 рӯз баъди осори бостонии ноёб дар вилояти Бомиён тахриб шуданд, ки эътирозоти шадидеро дар пай дошт  9 сентябри 2001 ҳудӯди ду моҳ пеш аз онки охирин пойгоҳҳои низомии Толибон дар атрофи Кобул суқӯт кунанд, чеҳраи номдори Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъӯд дар вилояти Тахор ба шаҳодат расид. Ғарбиҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи Толибон гирифтанд, аммо баррасиҳои иттилоотӣ баёнгар он аст, ки ин террор аз сӯи сервиси иттилоотии Англия,  MI6 ва дар пӯшиши мусоҳибаи як хабарнигор ва бо истихдоми омили интиҳорӣ ба вуқуъи пайваст. Гуфта мешавад, Амрико ва Англия, ки дар пайи ҳамла ба Афғонистону тасарруфи ин кишвар буданд, ба далели онки Аҳмадшоҳ Масъудро муҳимтарин хатари амниятӣ дар ба натиҷа расидани ин таҳоҷуму истиқрори системаи сиёсӣ-амниятии маддиназар худ медонистанд, пеш аз ҳамла аз миён бардоштанду радди пойи худро бо амалиёти интиҳорӣ аз байн бурданд то иттиҳом алайҳи гурӯҳҳои мазҳабӣ, назири Толибон пазируфтанӣ бошад.

Пеш аз ин дар таърихи 11 марти 1995 яъне дар оғози ҳаракати Толибон барои тасарруфи Афғонистон, шахсияти ҷиҳодии барҷаста Абдулалии Мазорӣ дар вилояти Майдони Афғонистон дар ҳоле, ки асир Толибон буд, ба шаҳодат расид. Манобеи иттилоотии Эрон омили ин террорро сервиси иттилоотии Покистон ва баъзе аз манобеи хориҷии Толибонро масъӯли ба шаҳодат расондани оқои Мазорӣ донистанд ва гуфтанд, қудрати фавқулодаи Мазорӣ дар басиҷи мардум ва тавоноии ӯ дар тақриби байни мазоҳиб боис шуд, ки Толибон ӯро монеи муҳимме бар сари роҳи сайтараи комили онон бар Афғонистон ва ба хусӯс бар вилоёти шимолии он бидонад ва вайро аз миён бардорад.

 

Идома дорад . . . .