Август 23, 2021 19:00 Asia/Dushanbe
  • Сарир, сират ва сироти Толибон - 2

Доктор Саъдуллоҳи Зореӣ таҳлили ҷомеъе аз Толибон ва авзои Афғонистон навиштааст, ки дар ду қисмат ироа мешавад.

Дар қисмати аввали таҳлил ба мавқеияти инсонӣ ва иқтисодӣ, ҳукумат ва сиёсату ҳувияти Толибон пардохта шуд ва акнун қисмати дувуми ин таҳлил тақдим мешавад.

 

4 . Мазҳабу маслаки Толибон

 

Аҳли суннати Афғонистон, иборат аз паштун, тоҷик, ҳазора, узбаек ва . . . “ҳанафӣ” ҳастанд. Баъзе аз муҳаққиқин муътақиданд, Абуҳанифа (раҳ) аҳли Кобул будааст. Пайравони Абуҳанифа гароиши салафигарӣ надоранд ва бо бақияи мазоҳиби исломӣ рӯйкарди таҳаммулпазирӣ доранд.

Толибон чӣ аз манзари ҳанафият ва чӣ аз манзари паштуният, салафӣ ба ҳисоб намеояд. Ин гурӯҳ мисли аксари аҳноф, суфӣ ба ҳисоб меояд ва ҷузви ду фирқаи суфии Нақшбандия ва Қодирия маҳсуб мешавад. Раҳбарони Толибон ба ҳамин далел ба андешаҳое мисли “ваҳҳобият” ва “ДИИШ”, ки равияе такфирӣ доранд, ҳассосанд ва аъзои худро аз гароиш ба онон парҳез медиҳанд. Ахтар Муҳаммад Мансур, маъруф ба Мулло Мансур, ки собиқан узви Ҳаракати инқилоби исломӣ буд ва дар фосилаи 23 апрели 2013 то 20 майи 2016 раҳбарии Толибонро дар даст дошт ва сипас тавассути паҳподҳои амрикоӣ кушта шуд, дар давраи худ дар номае хитоб ба раҳбарони майдонии Толибон навишт: “Шунидаам, иддае дар Толибон тафаккури салафӣ доранд. Инҳо бояд аз Толибон ихроҷ шаванд”.

Ин афрод ихроҷ шуданд ва бар асоси бархе гузоришҳои иттилоотӣ, ихроҷиҳои толиб аз сӯйи сервиси давлатии Афғонистон худ алайҳи Толибон ба кор гирифта шуданд.

Толибон бар асоси усули эътиқодӣ ва албатта манофеи сиёсии худ, монеи дур гирифтани ДИИШ дар ин кишвар шуда, ҳол он ки ҷуғрофиёи Афғонистон бисёр мустаиди ҳузури фаъоли гурӯҳҳои такфирӣ дар ин кишвар аст ва баъзе аз сиёсатҳои ниҳодҳои иттилоотии ғарбӣ ва созмонҳои иттилоотии мутаъаллиқ ба кишварҳои минтақа дар садади тавсеаи нуфузи гурӯҳҳои такфирӣ дар ин кишвар ҳастанд.

Як нуктаи дигари тафовут дидгоҳҳои сиёсӣ миёни гурӯҳҳои такфирӣ бо Толибон аст. Аз назари ДИИШ ва бисёре дигар аз гурӯҳҳои такфирӣ, муқобила бо шиа ва ҷумҳурии исломӣ, авлавияти аввал ва “ҷиҳоди қариб” ба ҳисоб меояд. Онҳо дар ин роҳ омодагӣ доранд бо кишварҳои мухолифи Эрон, аз ҷумла Амрикову Арабистон ворид эътилоф бишаванд. Аммо Толибон дар тӯли солҳои ҳаёти худ 1994 то 2021 аз таарруз ба шиа иҷтиноб кардаву ононро бахше аз уммат дар назар гирифтааст. Аз назари Толибон авлавият дар мубориза бо Амрико ва нуфузи Ғарб аст. Феълан ҳам манотиқи шианишини Афғонистон, ҳатто дар муқоиса бо манотиқи паштуннишин сафедтарин манотиқ ба ҳисоб меоянд. Толибон дар ин солҳо хостори робитаи фаъол бо ҷумҳурии исломии Эрон буда ва аз назари амниятӣ муроқибат карда то дар марзи Эрон, ки дар ҳудуди се даҳаи ахир дар сайтараи гурӯҳи Толибон будааст, иттифоқи нохушоянде рӯй надиҳад. Барои тасдиқи ин иддао, баррасии вазъи амниятии марзҳои Эрон дар даврони мавриди ишора кифоят мекунад. Дар ин солҳо марзҳои Эрон бо Афғонистон аз марзҳои Эрон бо Покистон, Ироқ ва Туркия амнияти бештаре дошта, ҳол он ки дар ҳамаи ин солҳо Эрон робитаи расмӣ бо Толибон надоштааст.

Дар бораи рафторҳои салафӣ мулоҳизае вуҷуд дорад. Толибон дар давраи ҳукумати худ ва пас аз он муртакиби тундравиҳое шудааст, ки дар қавоиди мазҳаби ҳанафӣ намегунҷанд. Мамониат аз таҳсили занон, мамониат аз ҳузури инфиродии занон дар беруни хона, тахриби маконҳои таърихӣ, иҷбор ба доштани маҳосин барои мардон, кӯтоҳ кардани мӯйи сар, эъдоми муттаҳамин ба зино бидуни риояти шурути шаръи муқаддас, мухолифат бо мазоҳири тамаддуни ғарбӣ назири телевизиону синамо, бахше аз рафторҳои ифротгароёнаи ин гурӯҳанд.

Воқеият ин аст, ки ифротгароӣ ва салафият лузуман ҷанбаи мазҳабӣ надорад ва заруратан ба вуҷуди истинодҳои динӣ вобаста нест. Ифротгароӣ як рӯйкарду рафтори фардӣ ва ё иҷтимоӣ аст, ки гоҳе фориғ аз мазҳабу истидлолҳои динӣ сурат мегирад. Ифротгароии ҳукуматӣ, ба хусус метавонад ҷанбаи сиёсӣ доштаву муттакӣ ба хӯи қудратталабӣ бошад. Ҳамчунон ки дастуроти мазҳаб мумкин аст дар мувоҷеҳа бо бархе аз суннатҳои муоризи қавмӣ ва ё иҷтимоӣ тағйир пайдо кунанд ва бархе суннатҳои қавмӣ ҷойи рӯйкардҳои мазҳабиро бигиранд.

Як муҳаққиқи афғонистонӣ муътақид аст, он чӣ аз ифроти динии Толибон мушоҳида кардаем, ношӣ аз эътиқодоти қавмиву қабилаии мавсум ба “паштунвалай” аст. Ризвонии Бомиёнӣ, ки солҳо бо раҳбарону баданаи Толибон муровида доштааст, дар мақолаи таҳқиқии “шохисаҳои тафаккури динии Толибон” навишт: “Ақоиди Толибон омезае аз бардошти сатҳии онҳо аз шариати исломӣ ва эътиқодот, одобу русуми қавмиву қабилаии паштун аст. Вай мегӯяд, дар ҷараёни сафар ба Қандаҳор шоҳиди таноқузоту нуқоти мубҳами зиёде дар афкору рафтори пайравони ин ҷумбиш будам. Аз ҷумла ин ки вақте аз яке аз толибилми ҷавон шунидам, ки бо ифтихор мегуфт: “Мавлавӣ Эҳсонуллоҳхон, устондори иёлати Ғазнӣ зану мардеро ба иллати муттаҳам будан ба иртикоби зино сангсор кардааст, пурсидам: “Исботи ин ҷурм аз назари фиқҳӣ тақрибан маҳол аст. Шумо чӣ тавр чаҳор шоҳиди одилро ҷамъ ва ин дуро сангсор кардаед?” Гуфт: “Ин масъала бо иҷмоъ собит шудааст ва иҷмоъ дар ин замина кофӣ аст”.

Иҷмоъ назди онон аз усули паштунвалай аст. Паштунвалай маҷмӯаи қонунҳое аст, ки зиндагии манотиқи паштуннишинро сомондеҳӣ мекунад ва аз эътиқодоту одобу русуми вижае ташкил мешавад. Бо истинод ба ин қонун, хунхоҳӣ ва интиқом назд паштунҳо роиҷ аст. Дар айни ҳол, паштунвалай бар ҷавонмардӣ, меҳмоннавозӣ, шуҷоат, шаҳомат, дифоъ аз шараф, ба вижа дифоъ аз ҳайсияту шарафи занон таъкид меварзад. Паштунвалай дар бархе аз умур бо шариат ихтилоф дорад. Ба унвони мисол, исботи зинои маҳсана тибқи қонуни шариати исломӣ ба чаҳор шоҳиди одил ниёз дорад, аммо бар асоси паштунвалай барои исботи зино шойеъа кифоят мекунад. Ҳамчунин дар ҷомеаи паштун, зан аз ирс маҳрум аст, аммо дар шариати исломӣ зан нисфи мард ирс мебарад.

Як нукта дар бораи мазҳаби тасаввуф дар Афғонистон ин аст, ки сӯфигарӣ дар ин кишвар аз тариқи Ҳинд ворид шуд ва дар миёни паштунҳо густариш ёфт ва бо гузашти замон ҷанбаи суннатии хосе ба худ гирифт. Ба тавре, ки муҳтавои ирфонии он аз даст рафту хурофоти бисёре дохили он шуд. Аз ин рӯ пайравони маслакҳое, ки ба «Маланг», «Лухти девона» ва «ҷодугар» маъруфанд, дар эҳтиром ба қубур роҳи ифрот дар пеш мегиранд ва ҳатто ба қабрҳои руасои худ ҳам, ки ваҷҳаи маънавӣ надоранд, эҳтиром мегузоранд.

Нуктаи дигари вуҷуди гуногунӣ дар мадорис ва дарсҳо аст. Дар гузорише омадааст, ки дар тӯли ҳудуди 30 соли гузашта талоши васеъе барои нуфуз дар мадориси динии паштунҳо сурат гирифтааст. Имороти Арабии Муттаҳида дар ин миён ба таври густарда ва дар солиёни зиёд ба тавзеи китобҳои дарсии ақоиди салафӣ дар мадориси паштун мубодират варзидааст. Дар ин замина аз нақшофаринии салафиҳое ҳам, ки рӯзгоре «араби афғонӣ» хонда мешуданд ва ба номи кумак ба мубориза бо коммунизми байналмилал ва Шӯравӣ ба Афғонистон по гузоштанд ва пас аз поёни ишғоли Афғонистон ҳам ба кишварҳои худ боз нагаштанд, набояд ғафлат кард. Ин гурӯҳҳо дар ҷараёни мунозиаи муҷоҳидин бо бархе аз гуруҳҳои салафӣ, аз Гулбиддин Ҳикматёр алайҳи муҷоҳидин ҳимоят мекарданд. Усома Бин Лодан ва Абдуллоҳ Изом ду намуна аз ин афрод ба ҳисоб меоянд. Бинобар ин ба сарфи он ки дар баъзе аз рафторҳои Толибон навъе салафигарӣ дида мешавад, наметавон аз назари ақидатӣ онро дар радифи соири гурӯҳҳои воқеан салафӣ қарор дод. Ҳамон тавр, ки наметавон ҳар гурӯҳеро, ки ба хушунат мубодират меварзад, дар радифи такфириҳову салафиҳо қарор дод. Хушунатварзӣ мумкин аст ҷанбаи сиёсӣ ва қудратталабона дошта бошад ё ношӣ аз нуфузи раҳбарони баъзе кишварҳои арабӣ бошад ва ё ношӣ аз бурузи таҳрифҳову инҳирофот дар як мазҳаб бошад.

 

5 . Воқеияти имрӯзи Толибон

 

Толибон дар тӯли се даҳае ки аз пайдо шудани он мегузарад, бахше ғайриқобили инкор дар ҷомеаи Афғонистон будааст. Воқеият ин аст, ки Толибон дар ҳоли ҳозир ҳам ба таври табиӣ муаррифи бахши паштуннишини Афғонистон аст ва ҳизбе бо нерӯҳои маҳдуд нест. Ҳаминак Толибон наздик ба 30 миллион нафар аз ҷамъият ва ҳудуди 70 дарсад аз хоки Афғонистонро дар сайтараи худ дорад. Ин гурӯҳ ҳаминак ҳудуди 200 ҳазор нерӯи размӣ дорад, ки дастикам 30 ҳазор нафар аз онон ба сурати муназзам ва бо таҷҳизоти комилу ҳамарӯза дар ихтиёри Толибон ҳастанд. Толибон дар давраи ахир талоши густардае барои тавсеаи қудрати худ ва бумисозии он анҷом додааст. Толибон бо дарс гирифтан аз нигариши сарфи паштунизм, ҳаминак талош мекунад то дар қоидаи миллӣ ва на қавмӣ дида шавад. Бар  ин асос дар даҳ соли гузашта ба мувозоти заиф шудани давлат дар Кобул ва аз даст додани нуфузу маҳбубияти он, Толибон аз миёни ғайрипаштунҳо барои худ ёргирӣ кардааст. Ба тавре, ки гуфта мешавад ҳаминак манотиқи тоҷикнишин тавассути тоҷикҳои ҳаводори Аморати исломии Толибон аз дасти давлат хориҷ шудаанд ва озодсозии манотиқи ӯзбекнишин тавассути ӯзбекҳои толиб анҷом мешавад. Ин нишонаи ақлу ҳушмандии ин гурӯҳ низ ҳаст. Толиб дар ин солҳо рӯйи пои худ истод ва ба ҷое вобаста нашуд. Гуфта мешавад, Толибон дар солҳои гузашта ба таври миёнгин солона ҳудуди 5.1 миллиард долар даромад дошта ва ҳаминак ҳудуди шаш миллиард долар захираи арзӣ дорад. Бахше аз ин даромад аз тариқи густариши фаъолиятҳои молиётӣ ба даст омадааст. Аммо аз он тараф, давлати Ашраф Ғанӣ бовар карда буд, ки бо Амрико барои истиқрор кифоят мекунад. Ҳамчунон ки фармондеҳони артиш ҳам гумон мекарданд, барои ҳамеша аз пӯшиши ҳавоӣ бархӯрдор хоҳанд буд ва зарурате ба бумӣ кардани он вуҷуд надорад. Ҳамин тасаввур дар раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон ҳам вуҷуд дошт. Аз ин рӯ, даст рӯйи даст гузоштанд то давлат дар лаҳзаи хуруҷ аз Амрико ба фурӯпошии фаврӣ мубтало шавад. Имрӯз давлати Афғонистон ва ҳатто раҳбарони аҳзоби ҷиҳодӣ фоқиди ҳар навъ қудрати муқовимат ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки Толибон 20 сол дар муқобили Амрико ва низ дар муқобили Ғарб истод ва имрӯз дар ҳар шаҳристону устон нерӯи лозимро дорад. Бедалел нест, ки имрӯз бештарин интиқодҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар мутаваҷҷеҳи Ашраф Ғанӣ шудаву гароиш ба самти Толибонро падид овардааст.

 

6 . Чашмандози таҳаввулот барои Эрон

 

Давлати Ғанӣ, ки бо раъйи мардум, валав бахше аз он, яъне 912 ҳазор нафар аз 2.1 миллион раъйдиҳанда ва аз ҳудуди 15 миллион нафар аз воҷидони шароити раъй сари кор омадааст, мебоист дар ҳадди тавон ба кори худ идома медод то давлати оянда бо раъйи мардум сари кор биёяд. Тавассул ба зӯр ва қабза кардани умур аз ин тариқ метавонад Афғонистонро ба як ҳарҷу марҷи фарогир табдил кунад. Ин ҳарҷу марҷ табъан ба кишварҳои ҳамсоя саррез мешавад, ки яке аз мавориди он ҳаракати миллионҳо ҷамъияти муҳоҷир ба самти марзҳо ва шаҳрҳои Эрон хоҳад буд.

Пас гоми аввали мо бояд кумак ба шакл гирифтани як давлати қудратманди фарогир дар Кобул бошад. Ҷумҳурии исломии Эрон дар солҳои гузашта ин мавзӯро пайгирӣ кардааст ва усулан идеяи музокироти афғонӣ - афғонӣ мутааллиқ ба Эрон буд ва хушбахтона амалӣ ҳам шуд. Ба гунае ки амрикоиҳо эътироф карданд, Эрон дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ба як меҳвар табдил шудааст.

Гоми дувуми мо дар замоне аст, ки ҳукумат бо меҳварияти Толибон ташкил шудааст. Дар чунин шароите ҳатталмақдур бояд Толибонро мутақоид кунем то ташкили давлати фарогирро бипазирад. Мо ба далели он ки дар тӯли ин солҳо равобити бисёр хубе бо ҳамаи гурӯҳҳои афғонӣ ва аз ҷумла Толибон доштаем, беҳтар аз ҳар кишваре метавонем музокироти байналафғониро фаъол кунем ва дар шаклгирии давлати фарогири ваҳдати миллӣ муассир бошем. Давлати ваҳдати миллӣ метавонад Толибонмеҳвар ҳам бошад, ба шарти он ки дар он риояти ҳуқуқ, манофеъ ва амнияти ақвоми дигар ҳам мадди назар бошад.

 

7 . Амрико, ихроҷ аз Афғонистон

 

Ҳамаи шавоҳид ва бисёре аз асноде, ки тавассути дастгоҳҳои расмии Амрико мунташир шудаанд, баёнгари он аст, ки ин кишвар барои ҳузури дарозмуддат дар Афғонистон барномарезӣ кардаву моҷарои пурибҳоми 11 сентябри 2001 дар ҳукми калид хӯрдани ҳузури 100 солаи Амрико дар ин кишвар буд. Тӯлонӣ будани давраи даргирии Амрико бо мардум ва гурӯҳҳои ҷиҳодиву қавмии Афғонистон ва ҳаҷми сармоягузориҳои инсониву молии Амрико дар ин ҷанги 20 сола кифоят мекунад то бо қотеият бигӯем, ки Амрико барои ҳузур дар Афғонистон барномарезии дарозмуддате карда буд. Ба ҳамин ҷиҳат рӯзе, ки Амрико пойгоҳи низомии Багромро тарк кард, баъзе аз коршиносҳои умури роҳбурдӣ аз он ба унвони «Тасмимоти ғайриқобили интизор» ёд карданд.

Амрико дар ин ҷанг ҳарчанд барои муҳофизат аз нирӯҳои низомии худ ҳаддиаксари тамҳидоти эминиро дар назар гирифта буд, аммо дар айни ҳол хабарҳои фармондеҳии низомии Амрико дар Афғонистон нишон медиҳанд, ки Амрико дар ин ҷанг, наздик ба 6000 нерӯи артиши худро аз даст додааст. Илова бар он дар ин ҷанг беш аз 3800 нерӯи амниятии бахши хусусии Амрико кушта шуда ва низ аз нерӯҳои НАТО ва таҳти фармондеҳии Амрико дар ин кишвар ҳузур доштанд, дастикам 1500 нафар кушта шуданд. Аз он тараф ҳам дар ин ҷанг дастикам 50 ҳазор нафар аз мардуми Афғонистон ва ҳудуди 60 ҳазор нафар аз низомиёни ин кишвар кушта шудаанд. Амрико дар тӯли ин ҷанг, яъне аз соли 2001 мелодӣ 29/2 триллион доллар ҳазина кардааст.

Баъзе муддаӣ шудаанд, ки хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон ба воситаи тағйири сиёсат дар Амрико ва тамаркузи бештари он бар Шарқи Осиё аст. Ин дар ҳоле аст, ки бо фарзи ин ки чархиши сиёсати Амрико аз Ховари Миёна ба Шарқи Осиё воқеият дошта бошад, ки то кунун осори хориҷии он мушоҳида нашудааст, ҳифзи тасаллут бар Афғонистон дақиқан бо сиёсати маҳори Чин ва маҳори Русия ҳамхон аст. Бояд тавваҷуҳ дошта бошем, ки ҳеҷ нуқтае дар Шарқи Осиё вуҷуд надорад, ки битавонад нақши Афғонистонро барои Амрико ифо кунад. Афғонистон аз назари ҷуғрофиёӣ дақиқан дар нуқтаи талофии чаҳор қудрати муҳими осиёӣ, яъне Русия, Чин, Эрон ва Ҳинд қарор гирифтаву наздиктарин нуқта ба ин чаҳор кишвар аст. Бар ин асос хуруҷ аз Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад интихоби Амрико барои расидан ба мавқеияти бартар бошад.

Дар ин саҳна ҳам бояд бидонем хуруҷи Амрико аз Афғонистон муқаддимаи хуруҷ аз Ғарби Осиё аст ва ин иттифоқ меуфтад, дар ҳоле ки ин хуруҷ, хуруҷи Амрико аз ҳамаи дунёро дар пай меоварад ва ин яъне уфули қудрати Амрико. Албатта инро ҳам бидонем, ки вақте як қудрат рӯ ба уфул бигузорад, рискпазирии он боло меравад, зеро ба ҳар даре мезанад то саҳна ба нафъи ӯ тағйир кунад.

Амрико дар саҳнаи Афғонистон ба далели ҷамъбандиҳои нодуруст, муртакиби иштибоҳоти фоҳиш шуд. Амрико дар музокира бо Толибон ҳам дучори хатои фоҳише шуд, чун бидуни дарёфти ҳеҷ имтиёзе бо гурӯҳе пойи мизи музокира нишаст, ки дар соли 2001 барои барандозии он вориди ҷанг шуда буд ва ин ба эътибори Амрико латмаи ҷиддӣ ворид кард. Иштибоҳи дигари Амрико дар рӯйкарди такбуъдии он ба масоили Афғонистон буд, ки албатта дар ҳама ҷои дигар ҳам дида мешавад.

Шаҳид Сулаймонӣ дар соли 2005, ки генерал Пол Бермир ҳанӯз бар Ироқ ҳукумат мекард, ба ҷамъе аз мақомоти ин кишвар гуфт: Тан додан ба тарҳҳои Амрико ба зудӣ шуморо дучори буҳрон мекунад. Ҳамкорӣ бо Амрико сабаби бурузи анвое аз фасодҳову фироқҳо мешавад ва шикофи табақотии шуморо ба ҷое мерасонад, ки роҳи ҳалле ҷуз идомаи вобастагӣ надошта бошед.

Амрико бо «шикасти хиффатбор» охирин пойгоҳи низомии худ дар Багромро таҳвил дод. Амрико давлату артиши ҷадиди ин кишварро дар ҳоле ки ба ҳеҷ ваҷҳ тавону зарфияти мувоҷеҳа бо буҳронро надоштанд, миёни гирдоби амниятӣ раҳо кард.

Ҳама медонанд, ки дар тӯли 20 соли гузашта «ихроҷи Амрико аз минтақа» сиёсати собити Ҷумҳурии исломии Эрон буда ва ҳамвора бар он пофишорӣ дошта ва дар мавриди ҷузъиёти он барномарезӣ карда ва ин ҷузъиётро ба иҷро даровардааст. Эрони табъан барои ихроҷи Амрико аз як кишвар, ниёзе ба ворид кардани нерӯи низомӣ надорад, зеро ҳазорон нерӯ ва даҳҳо созмон дар минтақа вуҷуд доранд, ки дар масъалаи ихроҷи Амрико бо ҷумҳурии исломӣ ҳамназаранд.

Гурӯҳҳои зиддиамрикоӣ дар Афғонистон дар як тароз набуданд. Толибон муҳимтарин ҷараёне буд, ки ба далели ангезаҳои диниву эътиқоди ҷиддӣ ба мубориза бо Амрико ва низ бархӯрдорӣ аз шабакаи густардае аз ҳаводорон метавонист ба роҳбурди ихроҷи Амрико аз минтақа кумак кунад. Аз ин рӯ, кор бо Толибон мавриди тавваҷуҳи Эрон қарор гирифт. Албатта Толибон ҳам хоҳони кор бо Эрон буд, зеро медонист дар атрофи марзҳои Афғонистон кишвари дигаре, ки ба таври ҷиддӣ дар садади ихроҷи Амрико бошад, вуҷуд надорад. Таҷриба ҳам нишон дод, ки ду тараф метавонанд рӯйи якдигар ҳисоб боз кунанд. Ин ҳамкорӣ дар айни ҳол тағироти муҳимеро дар равишу нигоҳи Толибон муҷиб шуд ва ба мурур аз тафаккури қавмгароӣ ва гуруҳбозӣ ба самти нигоҳе миллитар савқ пайдо кард. Амрико ба шиддат аз ҳамкории Толибон бо Эрон нороҳат аст, чун метарсад ҳамгироии ин ду ба бурузи шикофи ҷиддӣ дар стратегияи тақобули аҳли суннат алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон мунҷар шавад ва гурӯҳҳои аҳли суннати дигар дар дунёро ба ҳамкорӣ бо Эрон тарғиб кунад. Аз назари Вашингтон ин ҳамкорӣ мумкин аст пружаи исломҳаросӣ, шиаҳаросӣ ва Эронҳаросиро аз байн бибарад ва ё ба таври ҷиддӣ аз осори он бикоҳад.

 

Бештар бихонед: