Коршиноси рус: Нармиши Узбакистон доимӣ нест
Коршиноси масоили сиёсии минтақа муътақид аст, ки нармиши феълии раҳбарияти ҷадиди Узбакистон дар қиболи Тоҷикистон ва Қирғизистонро набояд ба унвони тағйири бунёдӣ ва асосӣ дар сиёсати хориҷии давлати Тошканд арзёбӣ кард.
Ба гузориши сойти CA News, Игор Панкратенко бар ин бовар аст, ки раисиҷумҳури ҷадиди Узбакистон пас аз баргузории интихоботи рӯзи 4 декабри соли 2016, таҳт ҳеч шароите аз ангезаҳои ин кишвар бар сари иддаои раҳбарӣ бар Осиёи Марказӣ дар рақобат бо Қазоқистон, ки аз даврони Шӯравӣ вуҷуд дошт, даст барнемедорад.
Вай афзуд, нухбагони сиёсии Узбакистон бо ин иддао тарбият ёфтаанд ва ин андешаро дар қиболи 4 кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ идома хоҳанд дод. Аммо шояд, Шавкат Мирзиёев-нахуствазир ва кафили раёсатҷумҳурии ин кишвар, ки ба эҳтимоли қавӣ дар интихоботи риёсатҷумҳурии Узбакистон дар рӯзи 4-уми декабри соли 2016 пирӯз хоҳад шуд, дар оғоз аз сиёсати таомул ва гуфтугӯ бо Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, об ва энергӣ ва роҳҳои иртиботӣ кор хоҳад гирифт.
Вале агар ин музокирот ба натиҷа нарасад, мавзеи Тошканд дар қиболи кишварҳои ҳамсоя шадид хоҳад шуд, ки ёдовари даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов бар Узбакистон хоҳад буд. Ҳатто бар сари баҳси такмили сохти ду неругоҳи барқӣ обии ниматамоми "Роғун" дар Тоҷикистон ва "Қамбарота" дар Қирғизистон низ давлати Узбакистон дар оянда талош хоҳад кард, ки мулоҳизоти ин кишвар дар ин маврид маддиназари мақомоти Душанбе ва Бишкек бошад.