Сентябр 26, 2021 15:07 Asia/Dushanbe
  • Созмони милали дар мавриди қаҳтии зӯдҳангом дар Афғонистон ҳушдор дод

Мудири Сандуқи ҷамъияти Миллали Муттаҳид вазъияти кунунии Афғонистонро нигаронкунанда донист ва дар мавриди хатари қаҳтии зудҳангом дар ин кишвар ҳушдор дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Наталя Конами-мудури Сандуқи ҷамъияти Миллали Муттаҳид дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса гуфт : Бо наздик шудани фасли зимистон ва нобасомонии умӯр ва набуди созмондеҳии ташкилоти давлати муваққати Толибон хатари қаҳтӣ дастикам  сеяки мардуми Афғонистонро таҳдид мекунад .
Ин пизишки панамаӣ афзуд : Нигарониҳои зиёде дар мавриди наҳваи тағзияу муроқибатҳои беҳдоштӣ ва дармонии афғонҳо вуҷуд дорад .

Тедрос Адҳонум, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ ҳушдор дод, ки низоми беҳдоштии ин кишвар дар марзи фурупошӣ қарор дорад ва агар барои наҷоту пойдории он талоши фаврӣ нашавад, ин кишвар бо як фоҷеъаи инсонии рӯбарӯ хоҳад шуд .

Ҳарчанд Созмони Миллал ба ин манзур як кумаки изтирорӣ ба маблағи 45 миллион доллар дар ихтиёри ниҳодҳои беҳдоштӣ қарор медиҳад, аммо ниёзҳои Афғонистон дар ин замина бисёр бештар аст .

Адҳонум  сешанбеи гузашта аз Кобул боздид кард ва дар бозгашт ба Женева дар баёнияе эълом кард, ки « низоми беҳдоштии Афғонистон дар марзи фурӯпошии қарор гирифтааст ва агар ҳеҷ тасмиму тамҳиде дар ин замина гирифта нашавад, ин кишвар бо як фоҷеъаи инсонии онӣ рӯбарӯ хоҳад шуд » .
Дар ҳамин ҳол Мартин Грифиси-муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид барои умӯри башардӯстона низ пас аз боздид аз Афғонистон ва дидор бо мақомоти Толибон таъкид кард : Дору маводи пизишкӣ ва сӯхт дар ин кишвар дар ҳоли итмом аст .

Ҷанги 20 солаи Афғонистон, ки тӯлонитарин ҷанги Амрико дар хориҷ аз марзҳо шинохта мешавад, дар маҷмӯъ 2 триллиону 313 миллиард доллар ҳазина ва ҳудӯди 2 ҳазору 555 кушта рӯйи дасти Амрико гузошту хурӯҷи шитобзадаи Амрико аз Афғонистон ба эътибору мавқеъияти байналмиллалии Вашингтон осеби бузурге ворид кард .