Сентябр 28, 2021 15:50 Asia/Dushanbe
  • Пидром: Мавқеи Душанбе дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест

Ӯ мавқеи Тоҷикистонро созгор ба арзишҳои байнулмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар донистааст.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон, ки ба нақл аз Азия Плюс،Дар муроҷиати видеоии худ сиёсатмадори афғон Абдул Латиф Пидром гуфт, изҳороти Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест.

.Ру” иттилоъ медиҳад, ӯ зикр кардааст, ки гуфтаҳои ҷониби Тоҷикистон ба арзишҳои байнулмилалӣ ва  Эъломияи ҳуқуқи башар мутобиқ аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки ҳукумати Толибон ҳоло аз ҷониби касе ба расмият шинохта нашудааст.

Пидром ҳамчунин дар бораи дахолати Покистон изҳори назар намуда, сафари роҳбари хадамоти иктишофии Покистонро ба Кобул хотиррасон кардааст ва гуфтааст, шахсони расмии Покистон ба саросари дунё сафар мекунанд, то ки ҷиҳати ба расмият шинохтани Толибон даст ёбанд.

  • “Кадом кишвар ба умури Афғонистон дахолат мекунад: давлате, ки роҳбари хадамоти иктишофии он ба Афғонистон барои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозӣ корҳо меояд ё кишваре, ки мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ ба ҳайати ҳукумат шомил карда шаванд?”, - иброз доштааст сиёсатмадор.
  • Илова бар ин, Пидром гуфтааст, иродаи неки Тоҷикитсон аст, ки бо вуҷуди таъхир дар пардохт аз Афғонистон, Душанбе интиқоли барқро ба ин кишвар идома медиҳад.
  • Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини роҳбари ҳукумати муваққатии толибон мулло Абдул Ғанӣ Бародар ва Абдул Салом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.

 

Барчасп