Сентябр 30, 2021 20:27 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти илмии табиби афғон дар Осиё

Духтури афғон барандаи ҷоизаи паноҳандагони Нансен дар Осиё шуд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон эълом кард, ки доктор Салима Раҳмон, табиби муҳоҷири 29-солаи афғон, барандаи ҷоизаи минтақавии Осиё шудааст.

Вай дар соҳаи акушерӣ ва гинекология тахассус дорад ва барои талошҳояш дар баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти духтарон дар ҷомеа ва кумак ба мубориза бо бемории ишемияи дил дар Покистон ҷоизаи Нансонро соҳиб шудааст.

Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR) ҳамасола ба шахсоне, гурӯҳҳо ё созмонҳое, ки ба паноҳҷӯён ва бехонумонҳо хидматҳои муфид расонидаанд, ҷоизаи гурезаҳои Нансенро тақдим мекунад.

Ин ҷоиза ба номи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели Норвегия Фридҷоф Нансен, сайёҳ, сиёсатмадор ва донишманди норвегӣ гузошта шудааст.

Нансен ҳамчун аввалин Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо, Нансен барои ҳалли мушкилоти гурезаҳо ва муҳоҷирон сахт кор кард.
Ин ҷоиза аз соли 1954 инҷониб дода мешавад.

Барчасп