Октябр 02, 2021 12:18 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз марзҳои муштараки худ бо Афғонистон ҳеч гоҳ эҳсоси амнияти комил накардааст
    Тоҷикистон аз марзҳои муштараки худ бо Афғонистон ҳеч гоҳ эҳсоси амнияти комил накардааст

Дар паи мавзеъгириҳо миёни Толибону Тоҷикистон бино ба эъломи манобеи Русия неруҳои низомии ду тараф дар хати марзи муштарак тақвият шудаанд .

Давлати Русия бо ибрози нигаронӣ аз пайомадҳои таниши физояндаи миёни Тоҷикистону Толибон  ду тарафро ба рафтори масъӯлона даъват кардааст .
Тоҷикистон аз марзҳои муштараки худ бо Афғонистон ба тӯли 1350 километри бахусус дар замони ҳокимияти Толибони ҳеч гоҳ эҳсоси амнияти комил накардааст . Дар ду даҳаи пеш низ, ки Толибон бар Афғонистон ба ғайр аз дараи Панҷшер ҳокимият дошт аз равобити танишзое бо Тоҷикистон бархурдор буд ва ин кишвар бо ҳимоят аз гуруҳи Эътилофи шимол ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъудаҳрамони миллии Афғонистон рӯдаррӯи Толибон қарор дошт .
Акнун низ давлати Тоҷикистон ҳамчун гузашта бо ибрози нигаронӣ аз нуфузи гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ ба дохили хоки ин кишвар аз тариқи Афғонистон хоҳони тақвияти сулҳу субот дар ин кишвар аз тариқи ташкили давлати фарогир аз сӯи гуруҳи Толибон аст .

Фаридуни Боракзай-коршиноси афғони масойили сиёсӣ муътақид аст : Толибон бояд аз гузашта дарс бигирад ва сиёсатҳое ки мунҷар ба нобудии он шудро канор бигузорад ва дар ҷиҳати ҷалби ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ талош кунад.

Ин дар ҳолеаст, ки гуруҳи Толибон бо муттаҳам кардани Тоҷикистон ба мудохила дар умӯри дохилии Афғонистон давлати Душанберо таҳдид мекунад . Ин арзёбӣ, ки ки мумкин аст Тоҷикистон бо ҳимоят аз гуруҳҳои мустақар дар Панҷшер бори дигар онҳоро монанди ду даҳаи гузашта дар баробари Толибон қарор диҳад, ин гуруҳро нигарон мекунад.
Ба ҳамин далел зоҳиран Толибон муҳимтарину наздиктарин таҳдид дар мавриди мавҷудияти худ дар Афғонистонро Тоҷикистон талаққӣ мекунад. Бо ин ҳол  набояд нигарониҳои давлати Душанбе аз фаъолтар шудани гуруҳҳои мухолифи тоҷик дар Афғонистонро низ нодида гирифт.

Дар ин замина Фарангис Наҷибуллоҳ-коршиноси афғони масойили сиёсии бар ин бовар аст,ки давлати Тоҷикистон нигарони тақвияти гуруҳҳои мухолифи худ аз ҷумла ҷамоати Ансоруллоҳ аст, ки тавофуқномаи соли 1997 миёни давлати Душанбе ва исломгароёни мухолифи Душанберо напазируфт ва акнун як гуруҳи хатарнок барои давлати Душанбе шумурда мешавад .

Илова бар ин  ба назар мерасад давлати Тоҷикистон нигарони теъдоди тоҷикҳое низ ҳаст ,ки дар ҷараёни ҷангҳои дохилии ин кишвар ба Афғонистон гурехтанд ва дар манотиқи шимолии ин кишвар зиндагӣ мекунанд.  Дар ҳар ҳол ба назар мерасад давлати Русия барандаи ташдиди таниш миёни Толибону давлати Тоҷикистон бошад . Зеро Маскав ба унвони бародари бузургтар мекӯшад бо тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ беш аз пеши ҳалқаи амниятии худро дар минтақа бавижа миёни ҷумҳуриҳои иттиҳоди Шуравӣ тангтар кунад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп