Ҷасади ду дуздро дар Ҳирот овезон карданд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i74998-Ҷасади_ду_дуздро_дар_Ҳирот_овезон_карданд
Толибон ҷасади ду роҳзанро дар Ҳирот ба дор овехтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 05, 2021 18:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷасади ду дуздро дар Ҳирот овезон карданд

Толибон ҷасади ду роҳзанро дар Ҳирот ба дор овехтанд.

Ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, манобеи хабарӣ ба расонаҳо гуфтаанд: Ду нафар дар ноҳияи Обеҳи вилояти Ҳирот кушта шудаанд, ки ба манзили як сокини ин ноҳия бо мақсади дуздӣ рафтаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки се дузд буданд, аммо яке аз онҳо тавонист фирор кунад.

Мақомоти Толибон дар Ҳирот ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки баъди ин ҳодиса ҷасади ин ду роҳзанро овехтаанд.

Толибон қаблан ҷасади чаҳор нафарро, ки ба одамрабоӣ дар Ҳирот муттаҳам мешуданд, ошкоро латукӯб карда буданд.