Дар Тоҷикистон се машқи низомии бузургмиқёси СААД оғоз мешавад
(last modified Wed, 06 Oct 2021 10:01:39 GMT )
Октябр 06, 2021 15:01 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон се машқи низомии бузургмиқёси СААД оғоз мешавад

Ба ин машқҳо зиёда аз 4 ҳазор сарбозу афсар сафарбар мешаванд.

Мувофиқи "Радиои Тоҷикӣ, овози Хорасан, аз Плос" иқтибос овардааст "،Тамринҳо дар машқгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Момирак”, ки бевосита дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгиранд, баргузор мешаванд.

Аз 10 то 23 октябр дар доираи чорабиниҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар машқгоҳҳои дар боло зикршудаи Тоҷикистон якбора се тамрини низомӣ баргузор мешавад, хабар дод ба  як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Ин тамринҳо аз машқҳои воҳидҳои тадорукот ва роҳандозии иктишоф (разведка) “Поиск-2021”, воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2021” ва Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал - “Взаимодействие-2021” иборатанд.

Дар ҷараёни тамрини махсуси “Эшелон-2021” санҷишу таҷрибаи масоили ташкили таъминоти моддиву техникии неруҳои дастаҷамъонаи СААД зимни омодагӣ ва иҷрои амалиёти муштарак мавриди озмоиш ва амал қарор мегирад.


Ҳадаф аз тамрини “Поиск-2021” (Ҷустуҷӯ-2021) санҷиш ва дар амал озмоиш кардани ташкил ва пешбурди корҳои иктишоф (разведка) бо неру ва воситаҳои мақомоти иқтишофии кишварҳои узви Созмон мебошад.

Дар доираи тамрини муштараки “Взаимодействие-2021” (Ҳамкории мутақобила) Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД масоили омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирӣ ва қатъи низои мусаллаҳонаи сарҳадиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди озмоишу амал қарор медиҳанд.