Инфиҷори хунин дар Қундуз ва масъӯлияти Толибон
-
Дар инфиҷори хунини рӯзи ҷумъа дар Қундуз теъдоди зиёде намозгузор куштаву маҷрӯҳ шуданд
Дар инфиҷори хунину террористии рӯзи ҷумъа дар Қундузи ҳудуди сад намозгузор кушта ва ҳудуди дусад тан низ маҷрӯҳ шуданд . Ин инфиҷор дар масҷиди шиъаён дар минтақаи Хонободи вилояти Қундуз сурат гирифт ва ДИИШ масъулияти онро пазируфтааст .
Инфиҷори хунин дар масҷиди шиъаён дар вилояти Қундуз пас аз он сурат гирифт, ки гуруҳи Толибон муддаӣ шуд гуруҳи террористии ДИИШ таҳдиди ҷиддӣ барои Толибон нест ва ба зудӣ дар Афғонистон саркуб хоҳад шуд . Дар ҳафтаҳои ахири гуруҳи террористии ДИИШ бо қатлҳои ҳадафманд аз шиъён ва инфиҷорҳои хунин ҳамалоти худро зидди мардуми Афғонистон оғоз кардааст . Агар чи аз дидгоҳи Толибон ин гуруҳи террористӣ таҳдиде барои Толибон нест, аммо гуруҳи тарснок ва таҳдидии ҷиддӣ барои мардуми Афғонистон бахусӯс барои ақаллиятҳои мазҳабӣ аст, ки бо ҳадафи доман задан ба ҷангҳои мазҳабӣ дар Афғонистон фаъолият мекунад .
Мавлавии Наимулҳақ Ҳаққонӣ-коршиноси масойили Афғонистон бар ин бовар аст : Гуруҳи террористии ДИИШ падедаи хориҷӣ аст, ки бо ҳадафи эҷоди мушкилот барои мардуми Афғонистон фаъолият мекунад ва ин гуруҳи фитнаву дасиса барои эҷоди тафриқа дар миёни мардуми Афғонистон аст .
Бо тавваҷуҳ ба инки бархе аз аъзои Толибон, ки мухолифи созиши он бо Амрико буданд, аз ин гуруҳ ҷудо шудаанд мумкин аст аз ҷумлаи авомили бурузи хушунатҳои хунин дар Афғонистон бошанд . Бинобарин ، Толибон бо шароити душворе барои таъмини амнияти мардуми Афғонистон рӯбарӯ аст . Зеро мухолифони ин гуруҳ аз афроди истихборотии давлати Муҳаммад Ашрафғанӣ ҳам метавонанд бошанд, ки бо ҳадафи зарба задан ба ҷойгоҳи Толибон дар умӯри ҳукуматӣ ва нотавон нишон додани он дар таъмини амният иқдом ба инфиҷорҳои хунин мекунанд .
Тамим Боҳис-коршиноси масойили сиёсӣ муътақид аст: Мухолифони мардуми Афғонистон, ки ба дунболи иқдомоти террористӣ ҳастанд намехоҳанд мардуми ин кишвар амният дошта бошад. Онон аз ҳимоятҳои мухталиф дар сатҳи минтақаӣ ва байналмиллалӣ бархурдоранд ва инфиҷор дар марокизи мазҳабиро бо ҳадафи доман задан ба хушунатҳои мазҳабӣ анҷом медиҳанд.
Дар ҳар ҳол гуруҳи Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта бо масъӯлияти таъмини амнияти мардуми ин кишвар бахусӯс ақаллиятҳои мазҳабӣ рӯбарӯ аст ва набояд аз дидгоҳи як гуруҳи ниманизомӣ,гуруҳҳои мухолиф ва низомии мардуми Афғонистонро арзёбии намояд . Балки ҳар гуруҳи ноамнкунандаи амнияти мардуми Афғонистони душмани мардуми ин кишвар талаққӣ мешавад ва агар гуруҳи Толибон натавонад зимни муқобила бо ин гуруҳҳои террористӣ амнияти мардуми Афғонистонро тоъмин кунад дар оянда бо мушкилот ва пайомадҳои бештаре рӯбарӯ хоҳад шуд . Бахусӯси онки ҷомеъаи ҷаҳонӣ Толибонро ба унвони гуруҳи масъӯлиятпазир дар баробари мардуми Афғонистон нахоҳад пазируфт .
Бештар бихонед :
- Эрон ҳамлаи террористӣ дар Қундузи Афғонистонро маҳкум кард
-
Лавров: Кишварҳои узви НАТО масъули аслии бозсозии Афғонистон ҳастанд