Ҳамкории порлумонӣ меҳвари ройзании мақомоти Узбекистону Иттиҳодияи Аврупо
Раиси маҷлиси Сенати Узбекистон ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тошканд чигунагӣ ва чашмандози тавсеъаи равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои байнипорлумониро баррасӣ карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Танзила Норбоева-раиси Сенати Узбекистон ва Шарлот Адриён-намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тошканд мулоқот карданд .
Тарафи аврупоӣ зимни арзёбии мусбат аз ислоҳоти дар дасти анҷом дар Узбекистон, аз тамоюли ин кишвар ба ҳамкориҳои байналмиллалии наздиктар, эҷоди шароит барои сармоягузорӣ ва рушди иқтисодӣ истиқбол кард .
Ба гуфтаи ширкаткунандагон касби мақоми кишвари зинафъи системаи умумии тарҷеҳот ( GSP + ) тавассути Узбекистон, эътироф ба ислоҳоти дар дасти анҷом дар ин кишвар дар беҳбуди фазои бозаргонӣ аст .
Дар ин дидор тарафи аврупоӣ гузорише дар мавриди 3 ҷанбаи муҳими ислоҳоти Иттиҳодияи Аврупо барои солҳои 2021-2027 дар ихтиёри тарафи узбек қарор дод .