Ҳамкории Узбакистон бо бандарҳои дарёии Қазоқистон ва Русия
Мақомоти ширкати саҳҳомии роҳи оҳани Ӯзбакистон бо бандарҳои Актау ва Курики Қазоқистон дар дарёи Хазар ва ҳамчунин бо бандари хушки Ҳоргус ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.
Ширкати саҳҳомии роҳи оҳани Узбакистон «Узбакистон Темир йуллари» бо бандарҳои Актау ва Курики дарёи Хазар ва ҳамчунин бо бандари Ҳоргус ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо кардааст.
Дар моҳи сентябри соли ҷории мелодӣ низ байни ширкати лаҷистикии Роскони Русия, ки як оператори чандваҷҳии хадамоти ҳамлунақлӣ - лаҷистикии гуруҳи ширкати «Дило», дорои терминалҳои хусусӣ дар банодири Норилск, Санкт-Петербург ва Находка мебошад, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо тарафи ӯзбакӣ ба имзо расидааст.
Ин ҳамкориҳо бо тавваҷуҳ ба мазияти ҳамлунақли дарёӣ дар ҳаҷми ҷаҳонии ҷобаҷоии борҳо ва ҳамчунин вижагиҳои ҷойгоҳи ҷуғрофиёии Узбакистон, ки барои вуруд ба уқёнуси Ором ҳаддиақал аз ду кишвар убур мекунад, ҳоизи аҳамият аст.
Пештар эълом шуд, ки дар таърихи 5 октябр Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон фармонеро перомуни пайвастани Узбакистон ба мувофиқатномаи байнидавлатии «Бандарҳои хушк» комиссиюни иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнусия (ESCAP) - ро имзо кардааст.