Октябр 26, 2021 10:09 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи содироти барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон

Тоҷикистон содироти барқ ба Қирғизистонро мутаваққиф кард.

Вазири энержии Қирғизистон далели мутаваққиф шудани воридоти барқ аз Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

Ба гузориши сомонаи «Тоҷ Вик», Досқул Бекмирзоев гуфт, дар пайи тавофуқи дуҷониба, Тоҷикистон ба Қирғизистон фақат чаҳор рӯз барқ содир кард.

Вай афзуд: Аммо бо бурӯзи камбуди барқ дар дохили Тоҷикистон ин раванд мутаваққиф шудааст.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон бояд ҳар шабонарӯз 1 миллион киловатт соат барқ ба Қирғизистон содир мекард.

Ин дар ҳоле аст, ки сокинони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Айнӣ, Файзобод, Мастчоҳ, Кӯшониён, Восеъ ва Ҳамадонӣ эълом кардаанд, ки аз соати 8 то 17 барқ надоранд.

Аммо ширкати давлатии Барқи Тоҷик муддаӣ аст, ки қатъи барқ ба далели таъмири хутути интиқоли барқ аст.

 

Бештар бихонед: