Сармоягузорӣ - меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i76038
Муовини нахуствазири Узбакистон дар гуфтугӯ бо ҳамтои Кореяи Ҷанубӣ таъмиқи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва иқтисодиву бозаргонӣ ва баргузории маросимҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 27, 2021 14:17 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузорӣ - меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ

Муовини нахуствазири Узбакистон дар гуфтугӯ бо ҳамтои Кореяи Ҷанубӣ таъмиқи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва иқтисодиву бозаргонӣ ва баргузории маросимҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Сардор Умурзоқов, муовини нахуствазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон ва Ҳонг Нам Ки, муовини нахуствазир ва вазири дороии Кореяи Ҷанубӣ ба сурати видео-конфронс таъмиқи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Умурзоқов барои кумак дар мубориза бо пондемияи корона, аз ҷумла ироаи кумаки билоиваз ба миқдори 5 миллион доллар барои иҷрои барномаи вокуниши сареъ бо Ковид – 19, аз давлати Кореяи Ҷанубӣ қадрдонӣ кард.

Ҳамакнун Кореяи Ҷанубӣ яке аз бузургтарин сармоягузорони Узбакистон аст.

Кореяи Ҷанубӣ то кунун барои ҳузур дар иқтисоди Узбакистон беш аз 10 миллиард доллар ихтисос додааст.