Октябр 29, 2021 18:23 Asia/Dushanbe
  • Бишкек мизбони нишасти Шӯрои нахуствазирони ИДМ

Нишасти давраии Шӯрои нахуствазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қирғизистон баргузор мешавад.

Нишасти давраии Шӯрои нахуствазирони ИДМ 12 ноябри соли ҷории мелодӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад.

Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви ИДМ раванди омодагии нишасти давраии Шӯрои нахуствазирони ИДМ - ро баррасӣ карданд.

Бар асоси гузориши кумитаи иҷроии ИДМ, бар сатҳи болои омодагии тарафи мизбон барои баргузории нишасти Шӯрои нахуствазирон дар қолаби ҳузурӣ таъкид шуд.

Ҳамчунин протоколе дар мавриди мавзӯоти созмонӣ ва ташрифотиву иқдомоти беҳдоштии лозим дар даврони ҳамагирии корона бо тарафи қирғиз имзо шуд.

ИДМ пас аз фурӯпошии Шуравии собиқ шакл гирифтааст.

Баёнияи таъсиси ин созмон дар 21 декабри соли 1991 (20 озари 1380) дар Алмаато бо ҳузури раҳбарони кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

 

 

 

Барчасп