Ноябр 03, 2021 13:26 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи комюни тоҷикистонӣ бо 156 килограмм маводи мухаддир дар марзи Ӯзбакистон

Хадамоти давлатии гумруки Узбакистон аз тавқифи комюне аз Тоҷикистон хабар дод, ки ҳомили 156 килограмм маводи мухаддир буд.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», кормандони гумруки Ойбек дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Тошканди Узбакистон ба як мошини боркаши сангини тоҷикистонӣ, ки 21 тон ангурро ба Русия мунтақил мекард, машкук шуданд.

Дар бозрасии ин комюн аз зери бори он 141 адад кисаҳои пластикии хурд, ки шомили 156 килограмм ҳашиш, тарёк ва ҳероин буд, кашфу мусодира шуд.

Арзиши маҳмӯлаи ангури ин комюн 170 ҳазор доллар баровард шудааст.

Ронандаи комюн ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар пӯшши ҳамли бори тиҷорӣ ба Русия боздошт ва комюн низ тавқиф шудааст.

 

 

 

 

Барчасп