Қарор гирифтани 23 миллион афғонистонӣ то соли оянда дар буҳрони ғизоӣ
(last modified Sat, 06 Nov 2021 07:59:25 GMT )
Ноябр 06, 2021 12:59 Asia/Dushanbe
  • Қарор гирифтани 23 миллион афғонистонӣ то соли оянда дар буҳрони ғизоӣ

Муовини сухангӯи Дабири кулли Созмони милал эълом кард, тахминзада мешавад, наздик ба 23 миллион нафар ё 55 дарсад аз ҷамъияти Афғонистон то соли оянда дар буҳрони ғизоӣ қарор дошта бошанд.

Фарҳон Ҳақ, муовини сухангӯи Дабири кулли Созмони милал эълом кард, барои кумак ба 11 миллион нафар дар Афғонистон, ин кишвар ба кумаки молии 606 миллиондолларӣ ниёз дорад, ки  токунӯн 54 дарсади он таъмин шудааст.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, гузоришҳо ҳокӣ аз даргириҳои пароканда дар саросари Афғонистон ва куштаау захмӣ шудани ғайринизомиён дар ин кишвар аст.

Мақомҳои Созмони милал мегӯянд, ки ин созмон наметавонад пули нақд ва манобеи молии лозимро барои интиқоли кумакҳои инсондӯстона ба миллионҳо нафар аз мардуми Афғонистон, ки бо гуруснагӣ мувоҷеҳанд, таҳия кунад, вале талош дорад гузинаҳои дигареро барои эҷоди субот дар иқтисоди дар остонаи фурӯпошидагии Афғонистон пайдо кунад.

Ҳамзамон созмонҳои вобаста ба Созмони милал барои муқобила бо буҳрони нақдинагӣ дар Афғонистон талош мекунанд, мақодири ҳангуфте аз долларҳои ин кишварро вориди Афғонистон кунанд.

Интиқоли доллар ба Афғонистон аз замони ба қудрат расидани Толибон мутаваққиф шудааст ва ба гуфтаи мақоми Созмони милал, агар кишварҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ, иқдоме дар ин замина анҷом ндиҳанд, Созмони милал бояд ин халоро пур кунад.