Узбекистону Қирғизистон 60 тарҳи муштарак иҷро мекунанд
(last modified Sun, 07 Nov 2021 05:49:53 GMT )
Ноябр 07, 2021 10:49 Asia/Dushanbe
  • Узбекистону Қирғизистон 60 тарҳи муштарак иҷро мекунанд

Нахуствазирони Узбекистону Қирғизистон дар ҳошияи ҳамоиши иқтисодии « Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ » дар шаҳри Бишкек бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Абдуллоҳ Орифов-нахуствазири Узбекистон ва Оқилбек Ҷабборов-нахуствазири Қирғизистон дар ҳошияи ҳамоиши иқтисодии « Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ » дар шаҳри Бишкек бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд .Нахуствазирони Узбекистону Қирғизистон дар ин дидор ҳамкориҳои дуҷониба ва фаъолияти Бунёди тавсеъаи Узбекистону Қирғизистонро баррасӣ карданд .

Ҷабборов дар ин мулоқот гуфт : Таъсиси бунёди тавсеа барои оғози « нақшаи роҳ » дар густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи таъовунӣ-саноъатӣ таъсири қобили мулоҳизае дорад . Ин « нақшаи роҳ » шомили 60 тарҳи муштарак аст .
Вай гуфт : Ҷой хушҳолӣ аст, ки тарафи узбекии ташрифоти давлатӣ дар таъсиси Бунёди тавсеъаи Узбекистону Қирғизистонро ба поён расонд .

Нахуствазирони Узбекистону Қирғизистон ҳамчунин содироти барқу газ аз тариқи қаламрави Узбекистон, сохти хати рейлии « Чин – Қирғизистон – Узбекистон », ҷодаи заминии « «Иркестам - Дорут Гургон - Қизилқия », маркази логистикӣ дар « Қизилқия » ва ҳамчунин нерӯгоҳи обӣ-барқии« Қанбарото - 1 »-ро мавриди баррасӣ қарор доданд .
Арзиши мубодилоти бозаргонӣ байни Узбекистону Қирғизистон дар соли 2020, 903 миллиону 100 ҳазор доллар буд .