Толибон хостори барқарории равобити дӯстона бо Тоҷикистон шуд
Сухангӯи Толибон эълом кард,ки ин гуруҳ хостори барқарории равобити дӯстона бо Тоҷикистон аст .
Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт : Аморати исломии Толибон қасд дорад бо тамоми кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон равобити дӯстона ва наздик барқарор кунад.
Вай доштани муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, транзит ва энержӣ бо Тоҷикистон барои Афғонистонро муҳим арзёбӣ кард.
Сухангӯи Толибон идома дод: Тақвияти равобит метавонад ба нафъи ду кишвари ҳамсоя бошад .
Ин дар ҳоле аст, ки 4 кишвари дигари Осёи Марказӣ ба ҷуз Тоҷикистон талош мекунанд, ки бо Толибон равобити наздик барқарор кунанд. Мақомоти расмии ин ҷумҳуриҳо борҳо бо Толибон дидор ва ба Афғонистон кумакҳои башардӯстона ирсол кардаанд.