Ноябр 20, 2021 15:26 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Узбекистон ва Қазоқистон

Раисони ҷумҳурии Узбекистон ва Қазоқистон дар барои зарурияти густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабргузории Форс, Қосим Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон дар мавриди густариши ҳамкориҳои стратежикии дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо табодули назар карданд.

Тавсеяи равобити тиҷоратӣ - иқтисодӣ афзоиши сармоягузорӣ ва ҳамчунин иҷрои нақшаҳои муштарак дар заминаҳои саноатӣ, фаннӣ, ҳамлу нақл ва кишоварзӣ аз асоситарин меҳварҳои мавриди баҳс буд.

Дар поёни ин гуфтугӯ қарор шуд, раиси ҷумҳурии Узбекистон то пеш аз поёни соли ҷорӣ бо ҳадафи талоши бештар барои таҳақуқи хостаҳои ҳарду тараф ба Қазоқистон сафар кунад.

 

Бештар бихонед:

Авзои Қирғизистон; меҳвари гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Путин, Токаев ва Мирзиёев

Нигаронии Мирзиёев аз буҳрони иқтисодӣ дар Узбакистон

Барчасп