Ноябр 23, 2021 10:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти динии қирғиз ва ӯзбак бар тақвияти иртибототу табодули таҷриба

Нишасти раисони кумитаҳои давлатии дини Қирғизистон ва Узбакистон баргузор шуд.

Ҳайате аз Қирғизистон ба раҳбарии Туйғунбой Абдикоров, мудири комиссияи давлатии умури динии Қирғизистон дар сафар ба шаҳри Тошканд, бо Содиқ Тошбоев, раиси Кумитаи умури динии кабинаи вазирони Узбакистон дидор ва дар мавриди тақвияти равобит байни идорот, табодули таҷрибиёт ва ироаи арзишҳои асили Исломи суннатӣ ба мардум, гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор Замир Ракиев, раиси идораи маънавии мусулмонони Қирғизистон, Абдушукур Норматов, раиси Донишгоҳи исломии Қирғизистон ва Нуриддин Холиқназаров, муфтии Узбакистон низ ҳузур доштанд.

Тарафайн дар ин дидори дуҷониба дар хусуси таҳкими дӯстӣ байни мардум, табодули таҷрибиёт ва иҷрои тафоҳумномаҳое, ки қаблан имзо шуда буд, табодули назар карданд.

Туйғунбой Абдикоров хотирнишон кард, ки муҳимтарин нукта, тарбияти беҳтарин нерӯҳо аст то мардум дар баробари ҷумбишҳои мазҳабии манфии мухталиф дар амон бошанд.