Ҳузури 3 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар даргириҳои Ховари Миёна
Намояндаи вижаи Иттиҳоди Урупо дар умури Осиёи Марказӣ теъдоди ҷангҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказиро дар манотиқи ноороми Ховари Миёна се ҳазор нафар эълом кард.
Ба гузориши хабаргузори “Форс”, Питер Борян, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ дар нишасти минтақаии «Ҷилавгирӣ аз хушунату терроризм дар Осиёи Марказӣ» дар Қирғизистон гуфтааст, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 3 ҳазор ҷангҷӯ дар даргириҳои Ховари Миёна ҳузур доранд, ки ин теъдод баробар бо теъдоди ҷангҷӯёни кишварҳои Аврупо дар ин даргириҳост. Ин масъули Иттиҳоди Аврупо афзуд, бештари ҷангҷӯёни Ховари Миёна ба таври мустақим аз Осиёи Марказӣ ворид нашудаанд, балки дар даврони муҳоҷирати корӣ дар Русия ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалб ва озими манотиқи даргирӣ гаштаанд.
Борян гуфт: “Мо аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мехоҳем, ки дар чорчӯби ҳамкориҳо гуфтугӯ кунем, то барои ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ барнома дошта бошем”.