Декабр 01, 2021 15:54 Asia/Dushanbe
  • Ҷаласаи машваратии баррасии роҳҳои густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Ҷаласаи машваратии баррасии роҳҳои густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон баргузор шуд.

Нишасти дурӯзаи баррасии вазъи феълӣ ва дурнамои густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон, баноми Сотим Улуғзода, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар ин ҳамоиши дурӯза андешамандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар бораи таърих, вазъи феълӣ ва роҳҳои густариши равобити фарҳангии ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.

Дар рӯзи нахусти ин нишаст устодони донишгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд ва Тошканд дар бораи нақши Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар таҳкими дӯстии мардумони тоҷик ва ӯзбак, номҳои мушобеҳи манотиқи ҷуғрофиёии Тоҷикистон ва Узбакистон, таъсири осори ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар адабиёт ва тарбияти насли ҷавони ду кишвар ва таҳқиқи адабиёти тоҷик дар Ӯзбакистон суханронӣ карданд.

Ширкаткунандагон дар ин ҳамоиши дурӯза роҳкорҳои густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар шароити феълии минтақа ва зарурати ҳифзи дӯстии мардумони ду кишварро баррасӣ карданд.