Ноябр 12, 2016 18:54 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди пахта дар Қирғизистон 50 дарсад афзоиш ёфт

Раиси бахши кишоварзии вилояти Уши Қирғизистон аз афзоиши 50 дарсадии мизони тавлиди пахта, тайи соли ҷорӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Раҳимберди Манакбоев, раиси бахши кишоварзӣ ва санъати вилояти Уш дар ҷануби Қирғизистон, аз содироти маҳсули пахтаи ин кишвар ба Эрон ва бархе кишварҳои дигар хабар дод.

Вай афзуд, дар соли ҷорӣ тақозо барои содироти пахта аз Қирғизистон афзоиш ёфта ва имконоти лозим низ дар кишвар ба хубӣ фароҳам шудааст.

Манакбоев гуфт, ҳаҷми содироти пахтаи Қирғизистон дар муқоиса бо соли гузашта, 2 баробар афзоиш ёфта ва ба унвони мисол, дар минтақаи Қарасу ширкати «Ак-ТКС» омодааст, то 5 ҳазор тон пахтаро содир кунад.

Ба гуфтаи раиси бахши кишоварзӣ ва санъати вилояти Уш, дар оянда омодагӣ барои содироти 1.5 тон пахта аз ин вилоят ба кишварҳои мухталиф барномарезӣ шудааст.

Вай афзуд, ин маҳсул ба таври умда ба кишварҳои Эрон, Русия ва Туркия содир мешавад.

Манакбоев дар бораи нархи ин маҳсул ба хориҷ аз кишвар, тасреҳ кард, дар ҳоли ҳозир ин маблағ мутағайир буда ва ба думболи роҳҳое барои нархгузории мунсифона бар рӯи ин маҳсул ҳастем.

Вай бо ишора ба бардошти марҳалаи дувуми маҳсули пахта дар соли ҷорӣ, идома дод, тавлиди пахта дар Қирғизистон дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ба далели афзоиши заминҳои кишти пахта, ба мизони 50 дарсад нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.  Ба гуфтаи ин мақоми қирқиз, ҳамакнун дар Қирғизистон беш аз 4 ҳазор гектар замини кишти пахта вуҷуд дорад ва бардошти ин маҳсул, 3 бор дар сол анҷом мешавад.