Декабр 03, 2021 18:45 Asia/Dushanbe
  • Таҳсилоти олии 28 дарсадии занон ва 19 дарсадии мардони Қирғизистон

Дар Қирғизистон сатҳи таҳсилоти олӣ ва ҳирфаии занон дар муқоиса бо мардон бештар аст.

Вазорати улуми Қирғизистон дар соли 2020 эълом кард, дар мавриди занони шоғил, саҳми занон бо таҳсилоти олӣ ва ҳирфаӣ беш аз 28 дарсад ва мардон 19 дарсад будааст, ки ин нишонгари сатҳи таҳсилоти болотари занони шоғил нисбат ба мардон аст.

Ба гуфтаи Кумитаи миллии омор, ғалабаи духтарон дар омӯзиш дар тахассусҳое монанди омӯзиш, муроқибатҳои беҳдоштӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва хадамот зикр шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мардон ҳирфаҳое монанди муҳандисии механика ва филизкорӣ, пардозиши манобеи ҷангалӣ, маъдан, сохтусоз ва меъморӣ, фанноварии электронӣ ва энержиро интихоб мекунанд.

Ба таври суннатӣ, нисбати болое аз занон дар риштаҳои омӯзиши олии ҳирфаӣ таҳсил мекунанд, ки ҳудуди 86 дарсад аз кулли донишҷӯёнро ташкил медиҳанд, ки шомили улуми инсонӣ (беш аз 73 дарсад), бахши хадамот (беш аз 63 дарсад) ва улуми табиӣ (ҳудуди 60 дарсад) мешавад.

Дар айни ҳол, мардон умдатан тахассусҳои марбут ба меъморӣ ва сохтусоз (ҳудуди 82 дарсад), улуми кишоварзӣ (ҳудуди 75 дарсад), фаннӣ (беш аз 69 дарсад) ва ҳуқуқ (ҳудуди 66 дарсад) -ро интихоб мекунанд.

Ҳамчунин теъдоди донишҷӯёни мақтаи каршиносии аршад нисбат ба соли 2016 бо афзоиши 16 дарсадӣ буда ва дар соли 2020 ба 2 ҳазору 500 нафар расид.