Сармоягузории Чин дар Узбакистон
(last modified Fri, 03 Dec 2021 15:08:31 GMT )
Декабр 03, 2021 20:08 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Чин дар Узбакистон

Чин барои сохти нерӯгоҳҳои хуршедӣ дар Узбакистон сармоягузорӣ мекунад.

Намояндагони ширкати чинӣ ва маҷмаи иқтисодии Узбакистон ба раёсати Ли Лёнг ва Мухтор Умаров дар дидор бо якдигар дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон дар бораи роҳҳои густариши равобити дуҷониба ройзанӣ карданд.

Ин ширкати чинӣ барномарезӣ карда, барои сохти нерӯгоҳҳои хуршедӣ дар Узбакистон шаш миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Намояндагони ин ширкати чинӣ ва маҷмаи иқтисодии Узбакистон дар ин замина тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ҳамакнун Чин бузургтарин шарики иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон аст.

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Чин дар соли 2020 мелодӣ дар сатҳи 6 миллиарду 400 миллион доллар қарор гирифтааст.

Ҳамакнун дар Узбакистон беш аз 700 ширкат бо сармояи сармоягузорони чинӣ, аз ҷумла беш аз 80 ширкат бо 100 дарсади сармояи сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар фаъолият мекунанд.

 

Бештар бихонед: