Тавсеаи равобити дуҷонибаи илмии Тоҷикистону Чин
(last modified Thu, 14 Nov 2024 06:02:14 GMT )
Ноябр 14, 2024 11:02 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити дуҷонибаи илмии Тоҷикистону Чин
    Тавсеаи равобити дуҷонибаи илмии Тоҷикистону Чин

Тоҷикистону Чин равобити дуҷониба дар ростои омӯзиши мутахасисинро тақвият мебахшанд

Рамазон Раҳимзода , дар дидор бо ҳайати намояндагони Вазорати амнияти умумии Ҷумҳурии Халқии Чин ба раёсати Zhang Haipeng , раиси идораи амнияти умумӣ дар шаҳри Нанҷинг , устони Ҷиянгсу  мавзӯи тақвияти равобити дуҷониба дар сатҳи омӯзиши персонели касбиро мавриди баррасӣ қарор доданд .

Ба гузориши “ Ховар ” ба нақл аз Вазорати умӯри дохилии Тоҷикистон , вазири умӯри дохилии Тоҷикистон дар ин дидор таъкид кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Вазорати умӯри дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти умумии Ҷумҳурии Халқии Чин бар асоси тавофуқоти дуҷониба ва чандҷониба дар ҳоли тавсеа ва беҳбудаст . Ин ҳамкории сӯдманди дуҷониба метавонад дар мубориза бо падидаҳои нохоста ва хатарот ва таҳдидҳои даврони модерн муассир бошад .

Тарафайн дар хусӯси тақвияти равобити дуҷониба дар мубориза бо тероризм , ифротгароӣ , ҷудои талабӣ , қочоқи маводи мухаддир , ироаи кумакҳои фаннӣ, иртиботӣ ва соири мавзӯъоти мавриди алоқа табодул назар карданд .