Паёми табрикотии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси ҷумҳурии Қирғизистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме фаро расидани солрӯзи таваллуди раиси ҷумҳурии Қирғизистонро табрик гуфт.
Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём панҷоҳусеюмин солгарди таваллуди Садир Ҷабборовро табрик гуфт.
Дар ин паём омадааст: Бо табрики панҷоҳусеюмин солгарди таваллуди ҷаноби олӣ, итминон дорам, ки равобити ду кишвари ҳамсоя ва дӯсти Тоҷикистон ва Қирғизистон беҳбуд хоҳад ёфт.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи паёми худ таъкид кард, муносиботи ду кишвар дар даврони раёсати ҷумҳурии Ҷабборов бар асоси эҳтироми мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамзистии мусолиматомез ва таърихии ду миллат густариш хоҳад ёфт.
Раисони ҷумҳурии Русия, Эрон ва Белорус низ бо ирсоли паёмҳое солгарди таваллуди Садир Ҷабборовро ба вай табрик гуфтанд.