Декабр 07, 2021 17:15 Asia/Dushanbe
  • Суқути арзиши пули Афғонистон

Раванди суқути арзиши пулии миллии Афғонистон идома дорад.

Фаҳим Зирак, сухангӯи Иттиҳоди саррофони Афғонистон,  имрӯз -сешанбе бо таъйиди коҳиши дубораи арзиши пули миллии ин кишвар гуфт: Имрӯз ҳар доллари Амрико бо 99, 3 афғонӣ мубодила шуд.

Зирак умдатарин афзоиши нархи доллар дар муқобили афғониро камбуди доллар дар бозори мубодилаи арз хонд.

Вай  ҳамчунин бетафовутии Бонки марказии давлати  муваққати Толибон нисбат ба коҳиши арзиши пули миллиро  аз дигар далелҳои суқути қимати доллар хонд.

Бо боло рафтани баҳои доллар дар баробари пули миллии Афғонистон,  нархи маводи аввалия дар бозорҳо низ ба далели ин ки маводи воридотӣ бо доллар харидорӣ мешавад, афзоиш меёбад.

Бо тасаллути Толибон  бар Афғонистон баҳои доллар дар муқобили пули афғонӣ  ба гунаи бесобиқа афзоиш ёфтааст. Умдатарин далели он масдуд шудани ҳудуди 9 миллиард доллар сармояи Бонки марказӣ таввасути давлати Амрико ва қатъи кумакҳои хориҷӣ ба Афғонистон ва арзаи пули афғонӣ таввассути бонкҳо ба муштариёнаш хонда мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп