Декабр 10, 2021 19:09 Asia/Dushanbe
  • Узбекистон мизбони нишасти 3 ҷонибаи коридори транси афғон

Бо ҳузури намояндагони Узбекистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Тошканд нишасте бо мавзӯи баррасии сохти хати роҳи оҳани «Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар» баргузор шуд.

Нишастҳои 3 ҷониба (Узбекистон, Афғонистону Покистон) ва чандҷониба (Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Афғонистону Покистон) бо ҳузури намояндагони масъули вазоратхонаҳо ва созмонҳо ҷиҳати тарроҳӣ ва сохти хати роҳи оҳани «Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар» дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.
Тарафайн дар ин нишаст бар аҳамияти ин тарҳ дар таҳкими равобити ҳусни ҳамҷаворӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байни манотиқ дар заминаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва равобити тиҷорӣ ва ҳамчунин таъмиқи ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ таъкид карданд.

Ҳамчунин дар поёни ин нишаст дар мавриди баррасӣ дар сареътарин вақт хутути роҳи оҳани матраҳ шуда дар маҳал, баргузории муназзами нишастҳои гуруҳҳои корӣ ва ҷазб ба тарҳи ниҳодҳои байналмилалии молӣ пас аз танзими мутолиоти имконсанҷӣ, иқтисодӣ тавофуқ шуд.

 

Барчасп