Декабр 14, 2021 13:20 Asia/Dushanbe
  • Барпоии намоишгоҳи гардишгарии Қирғизистон дар Иморот

Намоишгоҳи гардишгарии "Қирғизистон - Иморот 2021" дар намоишгоҳи "EXPO 2020" дар Дубай барпо шуд.

Ба гузориши Форс, намоишгоҳи роҳи туристии «Қирғизистон - Иморот 2021» бо талоши вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон ва утоқи бозаргонӣ ва саноати Қирғизистон ба муносибати фаро расидани рӯзи миллии Қирғизистон дар намоишгоҳи "EXPO 2020" дар Дубай баргузор шуд.

Дар ин рӯйдод 50 намоянда аз созмонҳои гардишгарии Қирғизистону Иморот ширкат карданд.

Азамат Жаманкулов, вазири фарҳанги Қирғизистон дар ин  намоишгоҳ гуфт, Қирғизистон омодаи пазироӣ аз гардишгарон аз саросари ҷаҳон дар ҳар замон аст.

Вай афзуд, Қирғизистон зарфияти гардишгарии қобили таваҷҷӯҳе барои анвоъи гардишгарӣ, қавмии фарҳангӣ ва таърихӣ дорад.

Раси вазорати фарҳанги Қирғизистон гуфт, мо дар ҳар замон аз сол омодаи пазириши гардишгарон аз саросари ҷаҳон ҳастем.

Вай баён кард, мо шароити хубе барои анвоъи гардишгарӣ, аз ҷумла рӯдхонаҳо, кӯҳҳое бо иртифои 7 ҳазор метр барои кӯҳнавардон вуҷӯд дорад.