Декабр 16, 2021 16:53 Asia/Dushanbe
  • 418 миллион тонна партови ҳастаӣ дар 4 кишвари Осиёи Марказӣ

418 миллион тонна партовҳои ҳастаӣ дар 4 кишвари Осиёи Марказӣ мешавад.

Ба гузориши хабаргузори Форс, бар асоси гузориши Кумтаи давлатии амниятӣ саноат ва бахши амниятӣ ва радиатсионй ва ҳастаии Узбакистон дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 4 миллион тонна партовҳои ҳастаӣ, ки дар натиҷаи иктишофоти маъданҳои урани захирасозӣ шуда, нигаҳдорӣ мешавад.

Бар асоси гузориши ин кумита, дар Қазоқистон 240 тонна, дар Қирғизистон 132 миллон тонна дар Тоҷикистон 42 миллион тонна партовҳои ҳастаӣ, нигаҳдорӣ мешавад.

Бонки Тавсеа ва бозсозии Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳои ҳомӣ барои солимсозии муҳити зист қаламравоҳое, ки ин партовҳо мустақар аст, ба миқдори 2 миллион евра кумаки билоаваз ихтисос доданд.

Ин кумаки билоаваз барои беҳбуди шохисаҳои хок, обу ҳаво майдонҳои тавлиди уран дар тасъсисоти Янгобод ва Чаркисор воқеъ дар куҳҳои шимоли Тошканд ҳазина хоҳад шуд.

Сардорбек Яъқуббеков, раиси бахши амнияти ҳастаӣ вобаста ба кумитаи давлатии амнияти саноат гуфт, дар кишвар барономаи вижа дар назарсанҷии муҳити зист ба тасвиб расидааст.

Дар замони Шуравӣ собиқ истихроҷи уран дар Осиёи Марказӣ 50 сол идома дошт ва санги маъдани уран барои табдил аз дигар кишварҳо ворид шудааст.