Ноябр 13, 2016 20:43 Asia/Dushanbe
  • Музокироти вазири умури хориҷаи Чин бо мақомҳои Узбакистон

Дар дидори вазири умури хориҷаи Чин бо мақомҳои давлати Узбакистон, дутараф бар густариш ва таҳкими равобити ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ миёни Узбакистон ва Чин таъкид карданд.

Ван И, вазири умури хориҷаи Чин ба Тошканд сафар кардааст, шанбе шаб бо Шавкат Мирзоев, раисҷумҳури муваққати Узбакистон дидор кард. Дар ин дидор Шавкат Мирзоев аз ирсоли паёми ҳамдардӣ дар иртибот бо даргузашти Ислом Каримов, нахустин раисҷумҳури Узбакистон тавассути мақомҳои давлати Пекин қадрдонӣ кард. Дар ин дидор, тарафайни чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба миёни Узбакистон ва Чин ва масоили минтақаӣ ва байналмилалиро баррасӣ ва бар густариши равобити роҳбурдии Узбакистон ва Чин таъкид карданд. Мақомҳои ду кишвар ҳамчунин бар алоқамандии мутақобил барои идомаи ҳамкориҳои наздики ду кишвар дар чорчуби Созмони ҳамкории Шанҳай таъкид карданд.

Пеш аз ин дидор Ван И, вазири умури хориҷаи Чин бо Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дидор карда буд.

Сафари вазири умури хориҷаи Чин ба Тошканд ва дидор бо мақомҳои давлати муваққати Узбакистонро бояд дар ростои идомаи сафарҳои мақомҳои давлатҳои минтақа ва ҷаҳон бо Тошканд пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди Узбакистон арзёбӣ кард. Ислом Каримов дар даравони ҳокимияти худ равобити нимабастае бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барқарор карда буд. Дар ҳақиқат вай ба тамомии кишварҳои ҷаҳон бавижа кишварҳои минтақа ба диди шакку тардид менигарист ва ба сурати зимнӣ талош мекард, аз кишварҳои ҳамсоя фосила бигирад. Нигоҳи манфии давлати Тошканд ба кишварҳои ҳамсоя ва ихтилофҳои Узбакистон бо тамомии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таъсироти манфӣ дар пай доштааст. Ихтилофҳои фазояндаи Узбакистон бо Тоҷикистон ва Қирғизистонро бояд аз ҷумлаи ин маворид баршумурд. Бо марги Ислом Каримов, Шавкат Мирзоев, раисҷумҳури муваққати Узбакистон бо интишори баёнияе аз тамомии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти дуҷониба бо ин кишвар ва ҳамкориҳои созанда бо Узбакистони даъват ба амал овард. Дар миёни кишварҳои минтақа, Чин яке аз муҳимтарин кишварҳои наздик ба Узбакистон ба шумор меравад. Мақомҳои давлати Пекин амнияти Осиёи Марказиро амнияти Чин қаламдод мекунанд. 

Ногуфта намонад, ки Чин яке аз шуракои бозаргонӣ ва сармоягузории Узбакистон низ маҳсуб мешавад. Мубодилоти тиҷорӣ ва бозаргонии ду кишвар аз 4 миллиард доллар дар соли гузашта фаротар рафт. Сармоягузории ширкатҳои чинӣ барои иҷрои тарҳҳои авлавиятдор дар Узбакистон низ беш аз 6 миллиарду 500 миллион доллар эълом шудааст.   Бадеҳӣ аст, ки барои кишваре назири Чин, ки колоҳояш дар тамомии кишварҳои ҷаҳон ба фурӯш мерасад, бозори 31 миллион нафарии Узбакистон аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст. Дар ҳақиқат, сафари вазири умури хориҷаи Чин ба Узбакистонро бояд аз ҷиҳати талоши мақомҳои давлати Пекин барои тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ ба манзури густариши беш аз пеши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ арзёбӣ кард. Мақомҳои давлати Пекин умедворанд, ки фурсатҳои ҳамкории бештаре дар даврони Узбакистони навин эҷод шавад.