Оғози музокироти сулҳи Сурия дар Қазоқистон
(last modified Tue, 21 Dec 2021 10:46:23 GMT )
Декабр 21, 2021 15:46 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти сулҳи Сурия дар Қазоқистон

Ҳафтумин давраи музокироти сулҳи Сурия дар пойтахти Қазоқистон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузори Анатоли, музокироти сулҳи Сурия мавсум ба "Музокироти Отсона" имрӯз сешанбе бо ҳузури тамоми гурӯҳои зидахл ва ҳайате аз Эрон, Туркия ва Русия дар Нурсултон оғоз ба кор кард.

Гуфтугӯҳо бо ҳузури Халва Матар (Khawla Matar), мовини намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Сурия ва бо баргузории нишастҳои дуҷониба ва сеҷониба дунбол мешавад.

Раёсати ҳайати эрониро Алиасғари Хоҷӣ, мовини вазири умури хориҷа уҳдадор аст.

Салҷуқ Унал, мудири кулли умури Сурия дар Вазорати хориҷаи Туркия раёсати ҳайати эъзомӣ аз ин кишвар ва Александр Лаврентев, намояндаи вижаи Русия дар умури Сурия раёсати ҳайати русиро бар уҳда доранд.

Намояндагоне аз Ироқ, Урдун ва Лубнон ба унвони нозирон дар ин нишаст ширкат мекунанд.

Нишастҳои Остона дар мавриди Сурия аз ибтидои соли 2017 оғоз шудааст ва яке аз ин нишастҳо дар шаҳри соҳили Сочи дар Русия баргузор шуд.

 

Бештар бихонед: