Декабр 23, 2021 09:53 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши донишҷӯёни хориҷӣ дар Қазоқистон

Мудири бахши омӯзиши олӣ ва таҳсилоти такмилии вазорати омӯзиш ва парвариши Қазоқистон аз афзоиши теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, теъдоди донишҷӯёни хориҷии машғӯли таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон ба 30 ҳазор нафар расидааст.

Адлет Тойбаев, мудири бахши омӯзиши олӣ ва таҳсилоти такмилии вазорати омӯзишу парвариши Қазоқистон гуфт, илова бар ин, донишгоҳҳо аз тариқи ироаи кумакҳои молии вижаи донишҷӯёни хориҷиро ҷазб мекунанд.

Бинобар суханони вай, донишҷӯёни хориҷӣ ба таври умда дар ҳавзаҳое монанди «пизишкӣ», «улӯми тарбиятӣ», «тиҷорат, мудирият ва ҳуқуқ» ва «улӯми иҷтимоӣ» таҳсил мекунанд.

Ӯ идома дод, яке аз созу корҳои тақвияти ҷазби донишҷӯёни хориҷӣ, иҷрои барномаи бурсияи таҳсилӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ аст, ки тавассути вазорати хориҷаи ин кишвар дар соли 2019 роҳандозӣ шудааст.

Ин барнома барои донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла қазоқҳое, ки тобеъияти Қазоқистонро надоранд, кумаки молӣ тахсис мекунад. Дар соли аввали роҳандозии ин барнома, 89 шаҳрванди хориҷӣ бо вазъияти таҳсилии боло фурсати таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Қазоқистонро дарёфт карданд.

 

Барчасп