Декабр 28, 2021 11:05 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти коргурӯҳҳои марзбандии Тоҷикистон ва Узбакистон

Нишасти коргурӯҳҳои давлатии марзбандии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши “Ховар”, нишасти навбатии ҳайатҳои давлатии марзбандии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин нишаст тарафайн натоиҷи иқдомоти гуруҳҳои аксбардории ҳавоӣ ва заминиро ҷамъбандӣ карданд.

Ҳамчунин ширкаткунандагон тавофуқ карданд, ки нишасти баъдии соли 2022 дар Узбакистон баргузор шавад.