Декабр 30, 2021 14:20 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкории қазоӣ байни Узбакистон ва Русия

Вазирони додгустарии Узбакистон ва Русия тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши «Форс», Русланбек Давлатов, вазири додгустарии Узбакистон ва Константин Чуйченко, вазири додгустарии Русия ба сурати видеоконфронс бар иҷрои тафоҳумномаи ҳамкорӣ барои соли 2022 мелодӣ тавофуқ карданд.

Ин тафоҳумномаи ҳамкорӣ баргузории ҳамоишҳои муштарак дар табодули таҷрибиёт дар заминаҳои ислоҳи қонун, диҷиталсозии танзим ва ҳамоҳангии асноди ҳуқуқӣ, баррасии асноди қонунӣ ва дигар мавзӯотро дар назар дорад.

Ин санад барои густаришу таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба байни созмонҳои додгустарии ду кишвар кумак хоҳад кард.

 

Барчасп