Январ 03, 2022 11:13 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Толибон барои воридоти барқ аз кишварҳои ҳамсоя

Толибон бо 4 кишвари ҳамсоя барои воридоти барқ тавофуқ кард.

Сухангӯи ширкати барқи Афғонистон (Брешно) аз тавофуқи Толибон бо мақомоти кишварҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон барои воридоти барқ хабар дод.

Ҳикматуллоҳ Мейвандӣ гуфт, Толибон дар моҳҳои ахир 4 қарордоди воридоти барқ ба арзиши 260 миллион доллар бо кишварҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон имзо кард.

Вай гуфт, бар асоси ин қарордодҳо қарор аст 2 миллиард киловатт соат барқ аз Узбакистон, 1. 5 миллиард киловатт соат барқ аз Тоҷикистон, 800 миллион киловатт соат барқ аз Эрон ва 1. 3 миллион киловатт соат барқ аз Туркманистон ба Афғонистон мунтақил шавад.

Мейвандӣ афзуд, ин барқи воридотӣ ба муштаракин дар 26 вилоят аз маҷмӯи 34 вилояти Афғонистон тақсим хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп