Узбакистон нахустин фурушандаи тилло дар ҷаҳон
(last modified Mon, 10 Jan 2022 12:50:00 GMT )
Январ 10, 2022 17:50 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон нахустин фурушандаи тилло дар ҷаҳон

Бар асоси гузориши Шурои ҷаҳонии тилло, Узбакистон дар ноябри соли 2021 аз лиҳози фуруши тилло дар ҷаҳон мақоми аввалро касб кард.

Ба гузориши хабргузории Форс, бар асоси ин гузориш ин ҷумҳури ба миқдори 21.5 тонна тилло фурухта аст.

Мақоми дувумро аз лиҳози фуруши тилло дар ҷаҳон Туркия бо 7 тонна мақоми севвумро Русия бо 3.1 тонна ва мақоми чаҳорумро Қирғизистон бо 1.4 тонна касб карданд.

Бузургтарин харидори тилло бо 4.3 тонна Қазоқистон, 3.4 тонна Лаҳистон ва бо 2.8 тонна Ҳиндустон ҳастанд.

Корхонаи оҳани Навоӣ бузургтарин воҳиди саноъатиии фароварии тилло дар Узбакистон аст. Ин корхона солона ҳудуди 80 тонна тилло фароварӣ мекунад.

Узбакистон ба таври суннатӣ дар байни бузургтарин 10 кишвари тавлидкунандаи тилло дар ҷаҳон қарор дорад.

Дар охир марти соли гузашта Бонки марказии Узбакистон нахустин бор мизони фуруши тилло дар 10 солро эълом карда аст; бар ин асос ин кишвар дар солҳои 2010 то 2020 687 тонна тилло содир карда аст.