Сафари наздикҳангоми Сардор Бердимуҳаммадов ба Узбекистон
Вазорати умӯри хориҷаи Туркманистон аз сафари ҳайате аз мақомоти аршади ин кишвар ба раёсати муовини нахуствазир ва масъӯли масоили иқтисодӣ ба Узбекистон хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Сардор Бердимуҳаммадов-муовини нахуствазир ва масъӯли масоили иқтисодии Туркманистон дар сарварии як ҳайат аз мақомоти аршади ин кишвар ба Тошканд-пойтахти Узбекистон сафар хоҳад кард .
Дар ин сафар қарор аст дидорҳое дар заминаи густариши ҳамкориҳои Туркманистону Узбекистон дар ҳавзаи иқтисодӣ баргузор шавад.Дар ин маврид низ Рашид Муродов ва Абдулазиз Комилов-вазирони умӯри хориҷаи Туркманистону Узбекистон ба сурати телефонӣ гуфтугӯ карданд .
Ба гузориши дафтари матбӯотии Вазорати умӯри хориҷаи Туркманистон дар ин гуфтугӯ вазъият ва чашмандози тавсеъаи ҳамаҷонибаи ҳамкории роҳбурдии Туркманистону Узбекистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Пеш аз ин ҳайати давлатии Туркманистон муташаккил аз Сардор Бердимуҳаммадов ва Рашид Муродов-муовинони нахуствазир бо Иброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар мақомоти кишвари ҳамсоя дар хусӯси густариши ҳамкорио гуфтугӯ ва табодули назар карданд .