Январ 18, 2022 15:20 Asia/Dushanbe
  • Артиши Узбекистон сеюмин қудрат дар байни кишварҳои ИДМ

Дар табақабандии қудрати артишҳои 140 кишвар артиши Узбекистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ) дар чойгоҳи сеюм қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муассисаи байналмилаии « Global Firepower» дар гузориши ахири худ аз тавони артишҳои ҷаҳон аз байни 140 кишвар, артиши Узбекистонро аз лиҳози қудрат дар байни ҷомеъаи кишварҳои ИДМ дар мақоми сеюм қарор дод.

Ин пажӯҳиш бар асоси санҷиши беш аз 50 омил, аз ҷумла мизони ҳазинаҳо барои дифо, теъдоди низомиёну таслеҳот, кайфияти аслиҳа, омодагии низомиён, суръати амал ва дастрасӣ ба фаровардаҳои нафтӣ будааст.

Узбекистон дар ин табақабандӣ дар байни артишҳои ҷомеъаи кишварҳои ИДМ пас аз Русия ва Украина мақоми сеюмро касб кард.

Дар табақабандии куллии кишварҳои ҷаҳон, Русия дар рутбаи дувум, Украин дар рутбаи 22 ва Узбекистон дар рутбаи 54 қарор гирифтааст.

Бар асоси гузориши пажӯҳишгарон, дар артиши Узбекистон 65 ҳазор нафар низомӣ анҷоми вазифа мекунад.

Ҳамчунин артиши Узбекистон 59 ҷанганда, 18ҳавопаймои барбарӣ, 20 ҷангандаи таҳоҷумӣ ва 7 фарванд ҳавопаймоӣ омӯзишӣ дорад.

Дар ин табақбандӣ, Амрико рутбаи аввалро касб кардааст.

Дар рутбаҳои дувум то даҳуми Русия, Чин, Ҳинд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Англия, Покистон ва Бразилия қарор гирифтанд.

 

Барчасп