Ҷон бохтани даҳҳо тан ва тахриби садҳо хона дар зилзилаи Бодғис
Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Бодғис мегӯянд, дар асари зилзилаи шаби гузашта дар ин вилоят 28 нафар ҷон бохтанд ва 1000 хона низ тахриб шудааст.
Мулло Муҳаммадсолеҳи Пурдил, раиси ноҳияи Қодис дар вилояти Бодғис гуфт, дар асари зилзилаи шаби гузашта дар ин вилоят 28 нафар ҷон бохта ва 1000 хона низ тахриб шудааст.
Пурдил ҳамчунин афзуд, ки дар миёни ҷон бохтагон занону кӯдакон низ шомиланд.
Ба гуфтаи вай, қурбониёни ин рӯйдод сокинони рустоҳои Бодрук, Дарбанди Сафед ва Хокпилки вулусволии Қодис ҳастанд.
Аз сӯе, Бозмуҳаммади Сарварӣ, масъули фарҳангии Толибон дар Бодғис ба расонаҳо гуфт, фақат 15 нафар дар рустои мавсум ба Бодруки вулусволии Қодис ҷон бохтаанд.
Масъулони фарҳангии Толибон дар Бодғис мегӯянд, ки дар натиҷаи ин заминларза ба мардум хисороти ҳангуфти молӣ низ расидаву онон дар талоши кумакрасонӣ ҳастанд.