Субот дар Афғонистон - меҳвари ройзании сафирони Эрон ва Покистон дар Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i80234
Сафирони Эрон ва Покистон дар Афғонистон дар бораи муҳимтарин масоили ҷорӣ дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 24, 2022 10:04 Asia/Dushanbe
  • Субот дар Афғонистон - меҳвари ройзании сафирони Эрон ва Покистон дар Кобул

Сафирони Эрон ва Покистон дар Афғонистон дар бораи муҳимтарин масоили ҷорӣ дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Форс”, Баҳодури Аминиён, сафири Эрон дар Афғонистон дар дидори Мансур Аҳмадхон, сафири Покистон дар он кишвар дар бораи барқарории суботи баландмуддат дар Афғонистон аз тариқи ҳамкории кишварҳои минтақа табодули назар кард.

Сафири Эрон дар Кобул пеш аз ин ҳам бо муовини намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон дар бораи барқарории амният, давлати фарогир ва тавсеаи иқтисодӣ дар Афғонистон ройзанӣ кард.

Сафири Эрон дар Кобул тайи ҳафтаи гузашта низ бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешин ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз сиёсатмадорони аршади Афғонистон дидор ва бар зарурати суботу кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар таъкид кард.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора эълом кардааст, аз ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи тарафҳои афғон ҳимоят мекунад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ пештар дар дидори Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон дар Теҳрон, дар бораи ташкили давлати фарогир ва зарурати таъмини шохисҳои қобили қабул дар ин хусус гуфтугӯ кард.