Январ 27, 2022 18:13 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши бесобиқаи тавлиди заъфарон дар Ҳирот

Утоқи тиҷорату сармоягузории Ҳирот аз коҳиши қобили мулоҳизаи тавлиди заъфарон дар ин вилоят хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Турёлай Ғиёсӣ-муовини утоқи тиҷорату сармоягузории Ҳирот мегуяд : Дар соли ҷорӣ тавлиди заъфарон ба далели адами кишти ин маҳсӯл ба дунболи хушксолӣ ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст .
Ғиёсӣ гуфт : Дар соли ҷорӣ 15 тон заъфарон бардошт шуда, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳ дар соли гузашта 5 тон коҳиш ёфтааст .
Вай афзуд : Аммо баҳои фурӯши заъфарон нисбат ба соли қабл бештар аст .
Ба гуфта муовини утоқи бозаргонии Ҳирот соли гузашта як килогарми заъфарони 25 то 30 ҳазор афғонӣ ба фурӯш мерасид, аммо имсол ин миқдор заъфарон ба 90 то 100 ҳазор афғонӣ фурӯхта мешавад.
Ӯ афзуд : Ин маҳсӯл ба Чинмороти муттаҳидаи арабӣ, Туркия ва кишварҳои аврупоӣ содир шудааст .

Бар асоси омори Вазорати кишоварзии давлати Толибон дар ҳоли ҳозир 8 ҳазор гектар замин дар 34 вилояти Афғонистон ба кишти заъфарон ихтисос дода шудааст.

 

Барчасп