Феврал 07, 2022 12:49 Asia/Dushanbe
  • Музокироти шашрӯзаи мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон барои таъйини хутути марзӣ

Аъзои коргурӯҳи муштараки аломатгузории марзии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шаш рӯз бо ҳам музокира карданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар ин музокирот, ки дар шаҳри Ҷиззахи Узбакистон баргузор шуд, тарҳҳои ду тараф барои ниҳоӣ кардани тафоҳумномаи аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ироа шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва нақшабардории Тоҷикистон ахиран эълом кард, аз ҳазору 326 километр марзи муштараки Тоҷикистон бо Узбакистон ҳазору 319 километр аломатгузорӣ шудааст.

Аммо ройзанӣ бар сари 7 километри боқимонда марбут ба манотиқе аст, ки дар қаламрави се кишвари Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар водии Фарғона қарор дорад.

Вай таъкид кард, миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳеҷ ихтилофе бар сари марзҳои муштараки ин ду кишвари ҳамсоя вуҷуд надорад.

Дидори баъдии коргурӯҳи муштараки аломатгузории марзии ду кишвар дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

 

Бештар бихонед: