Феврал 09, 2022 13:32 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани бузургтарин бозори асъори Афғонистон

Сарои Шаҳзода, бузургтарин бозори арз (асъори) -и Афғонистон баста шуд.

Далели баста шудани ин марказ ҳанӯз эълом нашудааст.

Ҳоҷӣ Додгул, муовини Иттиҳоди саррофони Афғонистон гуфт, Сарои Шаҳзода ба далели ҷаласаи саррофон баста шудааст.

Ӯ афзуд, саррофон дар бораи масоили дохилӣ дар ин ҷаласа гуфтугӯ мекунанд.

Муовини Иттиҳоди саррофон ҳамчунин мамнуияти дастфурӯшии озоди арз дар Сарои Шаҳзодаро ҳам таъйид кард.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Сарои Шаҳзода ба далели шароити нави Бонки марказӣ баста шудааст.

Бонки марказии ҳукумати Толибон мегӯяд, давлат шартҳои нуҳмоддаиро барои гирифтани иҷозатномаи ширкатҳои хадамоти пулӣ ва саррофӣ ҷорӣ кардааст.

Тибқи ин шароит, дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Кобул, Ҳирот, Қандаҳор ва Балх, фарди дархосткунандаи иҷозатнома бояд ҳаддиақал 50 миллион афғонӣ сармоя дошта бошад.

Бар асоси шароити ҷадид, фароҳамкунандагони хадамоти пулӣ ва саррофӣ бояд панҷ миллион афғонии тазминӣ ҳам дар Бонки марказӣ дошта бошад ва ин миқдор ҳангоми бекор кардани иҷозатнома қобили бозпардохт аст.