Феврал 14, 2022 14:01 Asia/Dushanbe
  • Сафари дабири кулли САҲА ба Узбакистон

Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар марти соли ҷории мелодӣ ба Узбакистон сафар мекунад.

Ба гузориши “Форс”, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон ва ҳамоҳангкунанда тарҳҳои САҲА дар Узбакистон дар шаҳри Тошканд заминаи сафари дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба ин кишварро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои Узбакистон ва САҲА низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди маросимҳои барномарезишуда, аз ҷумла нишасти байналмилалӣ ба муносибати даҳумин Солгарди иҷрои муштараки стратегияи зиддитеррористии ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 3 ва 4 марти соли 2022 мелодӣ дар шаҳри Тошканд бо ҳамкории САҲА  ва дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад, табодули назар карданд.

Узбакистон аз соли 1992 мелодӣ узви САҲА аст.

 

Барчасп