Муваффақияти филмсози афғон дар ҷашнвораи филми Испания
(last modified 2022-02-14T09:56:25+00:00 )
Феврал 14, 2022 14:56 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти филмсози афғон дар ҷашнвораи филми Испания

Филмсози афғон Ҷоизаи беҳтарин коргардони ҷашнвораи «Гуё»-и Испанияро дарёфт кард.

Саҳро Каримӣ, филмсози афғон дар маросими эҳдои ҷавоизи филми “Гӯё” дар соли 2022 дар Испания Ҷоизаи беҳтарин коргардонро дарёфт кард.

Ӯ дар суханрониаш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, Толибонро ба расмият нашносанд.

Каримӣ гуфт: Чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ дар талош аст Толибонро ба расмият бишносад? Чаро бархе аз расонаҳову рӯзноманигорони ғарбӣ саъй дар оддисозии равобит бо Толибон доранд?

Ба гуфтаи ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ агар Толибонро ба расмият бишносанд, иҷоза медиҳанд ба вижа ояндаи занони Афғонистонро, ки ҳаққи таҳсил ва корро мехоҳанд, нобуд кунад.

Ҷавоизи “Гуё” яке аз муътабартарин ҷоизаи синамоии ҷаҳон дар Испания ба шумор меравад, ки имсол сивушашумин давраи он дар шаҳри Валенсия баргузор шуд.