Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба меҳвари ройзании вазирони хориҷаи Туркманистон ва Қазоқистон
Феврал 15, 2022 22:19 Asia/Dushanbe
Вазирони хориҷаи Туркманистон ва Қазоқистон дар тамоси телефонӣ роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон ва Мухтор Талавберди вазири умури хориҷаи Қазоқистон телфонӣ гуфтугӯ карданд.
Дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи роҳҳои суръат бахшидан дар иҷро кардани тавофуқоти имзошуда ройзанӣ шуд.
Роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба аз дигар мабоҳиси матраҳшуда дар ин гуфтугӯи телефони буд.
Барчасп